Мулоқот бо донишҷӯёни хориҷӣ

Намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ мулоқот намуда, аз шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пурсон шуданд.

Бино ба таъкиди Мадина Сидиқова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, иқдоми мазкур дар асоси дастури ректори донишгоҳ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он фаҳмониданиқоидаҳои таҳсил, раванди таълим ва таҳсилоти сиклӣ мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба суолҳои донишҷӯён посух дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ