​Мақоми аввали Парвина Азимова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Имсол мақоми аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Ин дастовардро Азимова Парвина, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷик соҳиб гардида, нуфузи донишгоҳро дар миёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳимоя намуд.

Гуфта шуд, ки барои довталабони фанни забон ва адабиёти тоҷик низ ду шарт: навиштани эссе ва ҳалли тестҳо вогузор гардид.

Парвина мегӯяд, ки ӯ аз рӯйи шарти якум дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти муосири тоҷик” эссе навишта, бо ҳалли дурусти аксари тестҳо бо гирифтани холи баланд ҷойи якумро сазовор гардид.

Шоистаи таъкид аст, ки ин дастоварди аввалини Парвина нест. Номбурда то имрӯз дар даҳҳо озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, мақоми ифтихориро соҳиб шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати баланд бардоштаи дониши Парвина Азимова саҳми устоди факултет Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев хеле муассир аст.

Хотиррасон менамоем, ки 28-29 майи соли ҷорӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он аз 35 муассиса 378 нафар донишҷӯ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ донишу малакаи худро санҷиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ