​Ташаббуси наҷиби донишҷӯён

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус иқдоми наҷибро ба роҳ монда, ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд омаданд.

Ин иқдом дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф аз он зоҳир намудани ғамхорӣ ба насли калонсол ва яккаву танҳо маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёнро сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Файзиев Аҳмадҷон роҳнамоӣ намуда, ба донишҷӯён арзишҳои олии инсонӣ, раҳму шавқат ва меҳрубониву ғамхориро талқин намуд.

Донишҷӯён аз бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳр аҳволпурсӣ намуда, таъкид намуданд, ки онҳо танҳо нестанд ва ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ