Дар кафедраи барномарезӣ маърӯзаҳои беҳтарини илмӣ муайян гардид

Дар кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ низ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Нуриллоев Хушбахт дар бораи рафти баргузории конференсия маълумот дода, ҳадаф аз ин иқдоми анъанавиро шарҳ дод.

Тазаккур бояд дод, ки дар доираи кори конференсия дар бахши устодон 9 маърӯза шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар бахши магистрантон ва докторантон 5 маърӯза шунида шуд.

Ҳамзамон, дар бахши донишҷӯён 8 маърӯза пешкаш гардида, беҳтаринҳо муайян шуданд.

Ҳамин тавр, дар бахши устодон маърӯзаи дотсенти кафедра Музаффаров Д., дар бахши докторантон Раҳмонов Беҳзод, дар бахши донишҷӯён Олимов Нуруллохон беҳтарин дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ