ДДХ: дастоварди донишҷӯён аз фанни дақиқ
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз фанҳои дақиқ низ фаъолона ширкат намуда, мақомҳои ифтихориро касб намуданд.
Аз фанни технологияи информатсионӣ дар ин олимпиада Нарзиев Исмоилхон, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси информатикаи факултети математика иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо гирфтани 62 хол ғолиб дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур аз фанни технологияи информатсионӣ аз тамоми ҷумҳурӣ 32 нафар донишҷӯён иштирок намуда, бо ҳам рақобат намуданд.
“Дар олимпиада барои иштирокчиёни фанни технологияи информатсионӣ ду шарт: масъала ва тест дода шуд. Дар маҷмуъ, мо 5 масъала ва 35 тестро ҳал намудем, ки мувофиқи он холгузорӣ ва ғолибон муайян шуданд” – гуфт Нарзиев Исмоилхон, ғолиби олимпиада.
Ғолибон бо диплом сарфароз шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил