Ҳадафи мо: мубориза бо бемории ВНМО

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО чорабинӣ доир шуд. Ташаббускори чораабинии мазкур кафедраи анатомияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ маҳсуб мешавад.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби омӯзгорон перомуни мавзуъҳои «Пешгирии бемори СПИД» ва «Сабабҳои бемории ВНМО» маърӯзаҳо шунида шуд.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ аҳамият ва зарурияти эълон шудани рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО-ро шарҳ дода, аз иқдомҳои донишгоҳ ҷиҳати мубориза бо бемориҳои гуногун таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки чорабинии мазкур низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО як қатор чорабиниҳо идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ