Ташаккули худогоҳии миллии ҷавонон

“Анъанаву маросимҳои халқӣ - омили ташаккули худогоҳии миллии ҷавонон” – ин унвони чорабинии фарҳангие буд, ки бо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ ва факултети санъати тасвирӣ ва технология дар хобгоҳи №2 баргузор гардид.

Мақсад аз ташкили чорабинӣ баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва вусъати корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон гуфта мешавад.

Мудири кафедраи педагогикаи умумӣ Кучибоев Шӯҳратҷон дар бораи баланд бардоштани худшиносии миллӣ сухан намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои тарбиявӣ ва барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни дигар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ