Паёме, ки " Илмро ҳамчун фурӯғи маърифат афрухт "...
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2020 таҳлилу ҷамъбаст намуда, роҳ ва усулҳои сиёсати хориҷиву давлатии кишвар, нақша ва барномаҳои давлативу миллии Тоҷикистонро дар соли 2021 муайяну возеҳ намуд.
Дар ибтидои ироаи Паём, Президенти кишвар оид ба мушкилиҳои ба сари мардуми сайера омада, яъне хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон ва кишварамон изҳори назар намуданд. Президент қайд намуданд, ки бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти пешомада мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯҳияи ваҳдату муттаҳидӣ атрофи Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъ омада, ин соли хатарзоро бо натиҷаҳои нисбатан хуб паси сар намуданд. Бо дастгирии соҳибкорони Ҷумҳурӣ зиёда аз биступанҷ ҳазор иншоотҳои саноативу фарҳангӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ватани маҳбубамон сохта ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин то ҷашни Истиқлол боз 5- ҳазор иншоотҳои ба нақша гирифта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.
Президенти кишвар дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии Тоҷикистонро дар самтҳои мухталифи соҳаи саноат ва кишоварзӣ таҳлил карда, мусбӣ баҳогузорӣ намуданд. Пешвои миллат, дар мавриди рушди соҳаи мурғпарвариву чорводорӣ ва дар ин самт ба бурдбориҳои назаррас ноил шудани соҳибкорони мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар Паём қайд гардид, ки истеҳсоли гӯшти мурғ аз ду ҳазор то ба 30- ҳазор афзоиш ёфт, ки ин нишондод боз боло хоҳад рафт. Ва дар ояндаи наздик воридоти гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар комилан қатъ меёбад. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯшти чорво низ ду маротиба афзоиш ёфтааст, ки Президенти кишвар инро дар риояи Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ", ки сарфакориро ба миён овард, арзёбӣ намуданд.
Дар Паёми имсола доир ба рушди фанҳои дақиқ таваҷҷӯҳи хоса равона гардид, ки бо дастури Президент ҳар сол озмуни "Илм фурӯғи маърифат" дар саросари кишвар баргузор гардида, ғолибони ин озмун бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Президент оид ба озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" ва натиҷаҳои хуби он изҳори назар намуданд, ки дар натиҷаи баргузории он пиру барно ҳоло китобхон гардиданд ва пешниҳод намуданд, ки маблағҳои пулие, ки ба ғолибон ҳадя мегарданд боз баланд карда шавад, ки он боиси боз ҳам ҷалби бештари китобхонон мегардад.
Ҳамчунин дар Паём доир ба нақши зан дар пешрафти ҷомеаи имрӯза изҳори қаноатмандӣ баён ёфт. Ёдоварӣ шуд, ки занҳо бештари корҳои вазнини саҳро ва рӯзгорро ба дӯш доранд. Ва ҳамчунин содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ адои хизмат менамоянд.
Президенти кишвар сулҳу субот ва ваҳдату Истиқлолияти Ҷумҳуриро гавҳари нодири халқ арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки мо бояд дар ин вазъи тундгарои давр бояд ин неъматҳои Ватанро аз хатарҳои экстремистиву террористӣ ҳифз намоем. Ҳанӯз душманон ва хоинони Ватан дар хориҷи кишвар кам нестанд. Ва онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд сулҳу суботи Ватани маҳбуби моро халалдор созанд. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ва ҷавонони созандаи Ватан ва муҳофизи онро тарбия намоем.
Дар фароварди Паём Президенти кишвар ба тамоми мардуми Тоҷикистон изҳори самимият ва боварии худро баён доштанд.
Мудири кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ - Ибрагимова Раъно Абдушукуровна