​Ғолибияти донишҷӯи филологияи рус дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

“Роль дружбы в жизни человека» - ин мавзӯе буд, ки доир ба он Тухтарова Назира, донишҷӯи ихтисоси забон ва адабиёти руси донишгоҳ аз рӯйи шарти якуми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ эссе навишта, соҳиби мақоми дуюм шуд.

“Барои навиштани эссе 45 дақиқа вақт ҷудо шуд. Шарти дуюми олимпиада ин ҳалли тестҳо буд, ки барои ҳар як иштирокчӣ 100 ададро ташкил медод” – иттилоъ дод Назира.

Маврид ба зикр аст, ки номбурда аз рӯйи шарти якум ба гирифтани баҳои 4/5 ва аз рӯйи шарти дуюм, яъне ҳалли тестҳо 97 холро соҳиб шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанни забони русӣ аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 33 нафар донишҷӯён иштирок ва рақобат намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Назира Тухтарова аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб ёфта, ғолиби як қатор озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурияӣ ва соҳиби дастовардҳои назаррас мебошад. Аз ҷумла, мавсуф иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳсуб ёфта, бо Ифтихорнома сарфароз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Назира ҷиҳати иштирок дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 90 асар ва 1000 мисраъ шеър (бо забони русӣ) аз худ намудааст.

Дар маҷмуъ, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи равияи гуманитарӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 8 ҷойи ифтихорӣ насиб гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ