​Факултети забонҳои хориҷӣ: “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”

Имрӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Мақсади асосии ин чорабинӣ - баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани эҳтироми Ватан ва фидокорони он мебошад.

Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари миллатбуда, вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи Истиқлолият ва амнияти мамлакат пурра қодир аст, таъкид медорад Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сармутахассиси комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд оид ба донишҷӯён подполковник Қурбонов Авазхон Имомович доир ба донишҷӯёни синнусоли хизмати ҳарбӣ дошта, маълумотҳои мушаххас пешкаши ҳозирин намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд тамоюли раҳсипор гардидани ҷавонони оиладоршуда ба хизмати Модар - Ватан низ, ба назар мерасад. Дар баромади хеш подполковник шеъри эҷодкардаи яке аз собиқ афсаронро ба самъи ҳозирин расонид, киба мавзӯи мубрам, яъне Артиши миллӣ бахшида шуда буд.

Дар охир барои ҷамъбаст намудани чорабинии мазкур сухан ба дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ А.Бойматов дода шуд.

Дар чорабинӣ муовини декан оид ба таълим сармуаллима Турсунова Шаҳло Аюбҷоновна, сармутахассиси комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд подполковник Қурбонов Авазхон Имомович,дотсент А.Бойматов мудирикафедра дотсент, Р.Ибрагимова номзади илмҳои филологӣ, сармуаллима М. Усмонова, муаллима Д.Ҳомидова, сармуаллим Ф.Файзуллоев, саркуратори кафедра М.Сайфитдинова ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ