Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 – уми январи соли 2021 баМаҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Тавре, ки маълум аст дар Паёми Президенти кишвар муҳимтарин масъалаҳо дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба саҳми ҳозирин расонида шуда, нақшаву ҳадафҳои оянда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муайян мегарданд. Паёми имсолинаи Пешвои миллат хоси худ аз Паёмҳои қаблӣ фарқият дошт.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми имсолинаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба масъалаҳои муҳимтарини замони муосир, пеш аз ҳама мушкилоте, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, таъсири манфии COVID – 19 ба тамоми сайёраоғоз гардид.
Дар Паём дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ: илму маориф, фарҳанг, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ҳамчунин доир ба рушду нумӯи соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра таъмин намудани аҳолӣ бо барқ нақша дорад, ки бунёд ва азнавсозии якчанд нерӯгоҳҳои хурду бузургро тақвият бахшад.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки қувваи барқе, ки имрӯз дар кишвар истеҳсол мегардад, барои таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ қонекунанда аст. Аммо бо баъзе омилҳои объективию субъективӣ миқдори муайяни қувваи барқ талаф меёбад. Ин омил ба он оварда мерасонад, ки аҳолии мамлакат ба муаммои нарасидани барқ дучор гарданд.
Пешвои миллат вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки бо якҷоягӣ ба сохторҳои марбута вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти соҳа, хусусан, дар бобати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли барқ, кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамин тавр Паёми Пешвои миллат дар самти расидан ба дастовардҳои муҳим дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ва ҳамчунин барои рушди минбаъдаи соҳаиэнергетикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.
Муҳамадизода М. – омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик