​Системаи маориф дар фазои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи маориф ба хусус маълумоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғамхорӣ ва кӯшишҳои шабонарӯзаи сарвари давлат Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд афзоиш ёфта, мазмуну муҳтавои ин ҷараён чуқуру паҳно гашта истодааст. Системаи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи қабул ва иҷрои як қатор ҳуҷҷатҳои барномавӣ аз ҷумла қонун ва санадҳои доир ба маълумоти олӣ қабулшуда, стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2011-2020, стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030-юм, стратегияи рушди иқтисодиёти рақамӣ то солҳои 2040 муваффақ шуд, ки фаъолияти худро ба талаботҳои институтҳои байналхалқӣ, ки дар конвенсияи Болония мутобиқ гардонад ва стратегияи рушди системаимаълумоти олиро ба дониш равона кардашуда (знание ориентированные) ба салоҳиятнокӣ таъинот гирифта (компетентностнҷй подход), бомуваффақият ворид гашт. Асоси ин консепсияро “таълим дар тӯли ҳаёт” бар ивази “маълумотгирӣ ба як умр” (образование на всю жизнь)ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ивази нақши иштирокчиёни ҷараёни “донишандӯзӣ”, ки дар он нақши профессор аз “трансляторӣ дониш” (расонандаи дониш) ба ташкилкунандаи ҷараёни донишандӯзӣ табдил меёбад ва нақши донишҷӯ чун иштирокчии ин ҷараён аз боинтизомона омӯхтани пешниҳоди профессор ба “фармоишгари маҷмӯи донишҳо” табдил меёбад. Дар натиҷа хатм кардаи донишгоҳ бо донишу малакаи худро ба талаботҳои кордеҳ, ки дар асосӣ “профессиограмма”- ки дар институтҳои махсусгардонидашуда таҳия ёфтаанд, қабул ва тасдиқ гардидааст ҷавобгӯ мешаванд.

Устодону профессорон ва донишҷӯёни факултети иқтисодии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” фаъолияти худро дар партави паёмҳои Ҷаноби Олӣ баромадҳои сарвари миллат дар чорабиниҳои гуногунҷабҳа ва маводҳои барномавии дарозмуддати давлатӣ, стандартҳои соҳаи маориф оиди таъмини сифати баланди хатмкунандаҳо ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки хатмкардаҳои факултет барои ба талаботи кордеҳ ба таври максималӣ мутобиқ бошанд Маҷмӯи нақша чорабиниҳоеро таҳия ва амалӣ мегардонанд, ки на танҳо аълохонҳо балки донишҷӯёне, ки аксарияти баҳои онҳо баҳоҳои се ва чорро ташкил медиҳанд, сатҳи баланди салоҳиятнокиро дошта бошанд.

Барои ба ин дараҷа расонидани донишҷӯён устодон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дарсҳои амалиро бо истифодаи васеи ахборотҳои амалӣ (дар мисоли корхона, ташкилот ва муассисаҳоиватанӣ, нишондиҳандаҳои омории ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, маълумотҳои институтҳои байналхалқӣ ва асарҳои олимони ватанӣ) ба роҳ монда, донишҷӯён на танҳо қобилияти иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои мансабӣ, балки ҳалли муаммоҳои назариявиро ташаккул медиҳанд. Ҳамаи ин имконият фароҳам меоварад, ки хатмкардаҳои факултет ҳам таҳлилгар ва ҳам иҷрокунандаи муваффақ шуда, ба воя расанд, ки ин сол то сол афзудани хоҳишмандони таҳсил дар магистратура ва фаъолияткунандагон аз рӯи ихтисоси хатм дида мешавад.

Муваффақиятҳои факултет ва таҳлилҳо нишон доданд, ки бо кор таъминшавии хатмкардаҳои факултет дар соли хатм то 50% метавонад бардошта шавад агар дурнамои дарозмуддати ҳисоби эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ба мутахассисони маълумоти олӣ дошта, дар буриши ихтисосҳо (зиёда аз 230 ихтисос дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) тайёр карда мешавад, таҳия карда шаванд. Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг ва устодони он имконият доранд барномаи ин дурнаморо таҳия ва амалӣ гардонанд, агар имконияти пардохти он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад.

Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ