​Занон-татбиқгари сиёсати Пешвои миллат

Ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони донишгоҳ ин навбат масоили марбут ба баланд бардоштани мавқеи занону духтаронро дар ҷомеа баррасӣ намуд. Мудири бахши занон ва бонувони донишгоҳ Рустамова Заррина доир ба тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими нақши занону духтарон сухан намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии занону духтарон ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои онҳо иқдоми судманд амалӣ мешавад. Мутахассиси бахши занони донишгоҳ Мирзозода Нодира перомуни таъмини иштироки васеи занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ибрози назар кард.

Ҳамзамон, раиси Шӯрои духтарони донишгоҳ Устобобоева Ситора дар мавзӯи "Зан - татбиқкунандаи сиёсати Пешвои миллат" маърӯза намуд. Бо ироаи маслиҳатҳои муфид дар самти пешбурди кори Шӯрои духтарон ҷаласа анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ