Ҷавоне дар масири санъату варзиш

(Маводи мазкур дар доираи маҳфили “Нерӯи сухан” омода шудааст)

Носиров Сарварҷон донишҷӯи соли якуми факултети санъат аст. Ба ӯ метавон мақоли маъмули “Панҷ панҷааш ҳунар”-ро нисбат дод. Новобаста аз он ки номбурда дар риштаи санъат таҳсил дорад, дар як қатор самтҳои дигар муваффақу пешсаф мебошад. Мавсуф, аз ҷумла, дар соҳаи варзиш низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҷиҳати шинос шудан бо дастовардҳои Носиров Сарварҷон мо бо ӯ сӯҳбат намудем, ки фишурдаи онро манзури Шумо, хонандагони муҳтарами сомонаи донишгоҳ мегардонем:

Сарварҷон, барои инҷониб аҷиб аст, ки чаро бо вуҷуди шавқу рағбати зиёд ба соҳаи варзиш, ҳамоно барои таҳсил ба факултети санъат дохил шудед?

- Варзиш ин машғулияти дӯстдоштаи ман аст. Ман ягон рӯзамро бе варзиш сипарӣ намекунам. Ба назари ман, дар соҳаи варзиш метавон бе доштани маълумоти тахассусӣ низ муваффақ гардид. Барои ҳамин ман ба факултети санъат дохил шудам ва дар баробари ин ҳама рӯза ба машқу тамрин машғул мебошам.

  • Санъат чӣ? Ба санъат низ шавқ доштед? Ва ё таҳсили шумо дар ин ришта тасодуфӣ аст?

- Тасодуфӣ нест. Инсон набояд тасодуфан ягон касбро интихоб намояд. Ин андешаи ман аст. Зеро аз рӯи хоҳиш ва шавқ фаъолият бурдан cабаби асосии мувафақиятҳост. Ман санъатро низ аз хурдӣ дӯст медоштам.

Сарварҷон аз рӯйи кадом ихтисос таҳсил доред?

- Ихтисоси санъати мусиқӣ. Ин ихтисосро бо хоҳиши худам интихоб намудам.

Дар самти варзиш чӣ дастовардҳо доред?

- Ғолиби чандин мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи гуногун ҳастам. Бо диплому медал ва мукофотҳои пулӣ бисёр сазовор шудаам.

Хеле хуб. Шумораи медалҳоятонро медонед?

Ростӣ не. Зиёд аст, аммо ҳисоб накардаам. Муҳим аз муваффақиятҳо қонеъ нашудан

Дар оила боз ягон нафар варзишгар аст?

- Бале. Бародаронам низ ба варзиш шавқ доранд ва дар ин ҷода муваффақ низ мебошанд. Аслан бигӯям, манбаи шавқи ман ба варзиш бародаронам ҳастанд. Ман аз онҳо илҳом гирифта, ба ин ҷода низ қадам гузоштам.

Мувофиқи иттилои мо, шумо чанде пеш чемпиони ҷумҳуриявӣ гардидед. Дар ин бора камтар нақл мекардед.

- Дар ин мусобиқа аз рӯи варзиши сабук - намуди диск ва найза ғолиб омадам. Ин муваффақият маро боз ҳам руҳбаланд намуд.

Ёд доред, ки бори аввал кай дар мусобиқаи варзишӣ иштирок намуда будед?

- Бале. Ин фаромӯш намешавад. Дар синфи 7 мехондам, дар мусобиқаи вилоятӣ иштирок ва ғолиб омадам.

Мураббии аввалини Шумо дар ҷодаи варзиш кист?

- Соҳибназаров Фаррух мебошанд. Барои рушди ман хеле саҳми арзишманд гузоштаанд.

Сарварҷон, чӣ орзу ва нақша доред? Ба ҳамсолони худ чӣ тавсия медиҳед?

- Орзу дорам ҳам дар ҷодаи варзиш ва ҳам санъат соҳиби ному нон гардам. Дар самти варзиш иделаи ман Дилшод Назаров аст. Кӯшиш дорам, ки мисли ӯ номбардори Тоҷикистон бошам. Барои ҳамсолони худ гуфтанӣ ҳастам, ки бо варзиш машғул шаванд, зеро варзиш гарави саломатист. Ба аъмоли нодуруст ва зараровар машғул нашуда, солимии худро ҳифз кунанд ва барои пешрафти давлат саҳм гузоранд.

Ташаккури зиёд. Ҳамеша муваффақу комёб бошед!


Таҳияи Наргис Ҳоҷиева,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ