Таъсиси маҳфили “Адибони ҷавон” дар донишгоҳ

Бо мақсади омӯзиши пайвастаи таҷрибаи сулҳофар ва давлатсозиӣ ва мактаби бузургу пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар ин замина, ҷиҳати иҷрои дастуроти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, бо фармоиши ректори донишгоҳ дар назди шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ маҳфили "Адибони ҷавон" таъсис дода шуд.

Имрӯз дар толори хурди раёсати донишгоҳ ҷаласаи ифтитоҳии маҳфили “Адибони ҷавон” бо ҷалби донишҷӯёни эҷодкору навқалам ташкил гардид.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин, раиси бахши кор бо занон Рустамова Замира, мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзозода Нодира иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки мақсади асосии ташкили маҳфили мазкур мусоидат дар ташаккули тафаккури фарҳангӣ, эҷодӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифатӣ тавассути ҷалб ва таъмини иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва эҷодӣ дар самти эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих, мероси фарҳанги ниёгон, анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои тамаддуни башарӣ, баҳрабардорӣ аз ғояҳои ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдўстӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа, ки ҷавҳари асосии фаъолияти Пешвои миллат иборат аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ