​10 нафар донишҷӯдухтарон соҳиби гувоҳномаи “Мактаби сарварӣ” шуданд

10 нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров курси “Мактаби сарварӣ”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро хатм намуданд.

Курси мазкур ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат” моҳи октябр оғоз гардида, дар доираи он ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорони соҳаҳои гуногуни давлатӣ ва устодону равоншиносон ба шунавандагон вижагиҳои вазифаи роҳбарӣ, муносибату муомила, имиҷи зан-роҳбарро фаҳмониданд.

Хатмкунандагони курс бо гувоҳнома сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ