​Артиши миллӣ - матаби шуҷоат

Чунин ном дошт чорабинӣ, ки бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар хобгоҳи №з ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Донишҷӯён дар бораи ҳифзи Ватан шеърҳо қироат намуда, саҳнаҳои ибратбахш манзур намуданд.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат буда, хизмат дар он вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмарди асилу ҷасур бояд бошад.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани рӯзи Артиши миллӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ чорабинҳои гуногун идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ