ДДХ: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ дар соли 2020 баргузор гардид

Имрӯз 2-юми март, чорабинии ҷамъбастии фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2020 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гашт.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, зимни суханронӣ баён дошт, ки дар давраи тақвимии соли 2020 барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста 1 нафар устоди донишгоҳ бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар Аълочии матбуот, 2 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, 1 нафар Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни олимони ҷавон дар соҳаи илм, 11 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 24 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

Дар идома аз хидматҳои олимони донишгоҳ дар самти омода намудани мутахассисони соҳибунвон сухан карда, афзуд, ки давоми соли тақвимӣ дар донишгоҳ 3 рисолаи докторӣ ва 33 рисолаи номзадӣ бо муваффақият ба дифоъ расиданд. Зикр гашт, ки дар донишгоҳ 5 лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2020 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ 4 лоиҳаи илмӣ таҳия ва пешниҳод гардида, 2 лоиҳаи он дар озмун ғолиб дониста шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ аз иштироки фаъолонаи магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ истиқбол намуда, зикр дошт, ки дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 1 ҷойи якум, 1 ҷои дуюм, 1 ҷои сеюм, 6 ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҷойи намоёнро ба даст оварданд. Натиҷаҳои бадастомада нишон доданд, ки дар байни муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ донишгоҳ сазовори ҷои дуюм гардид. Ҳамчунин дар Озмуни байналхалқии “Беҳтарин олими ҷавон-2020”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, 2 нафар бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Дар донишгоҳ раванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ низ бо маром ҷараён дорад. Дар давраи соли сипаригашта донишгоҳ аз рӯйи 1 ихтироот 1 Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоотро ба даст оварда, 1 ихтирои дигар барои гирифтани патент пешниҳод шудааст.

Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ки дастовардҳои мазкур натиҷаи сиёсати маорифпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, раёсати донишгоҳ ҳамеша дар раванди татбиқи ҳадафҳои илмиву таълимӣ дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос менамояд.

Ректори донишгоҳ бо итминони комил зикр дошт, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо эҳсоси чунин ғамхориҳо фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, дар рушди илму маорифи кишвар ва тайёр кардани кадрҳои соҳибунвону соҳибтахассус ва ҳамзамон барои сазовору шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

Дар идома як қатор устодон, олимон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён барои дар сатҳи арзанда ҷамъбаст намудани дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ, таълимӣ методӣ ва тарбиявию ҷамъиятии ҳайати омўзгорону профессорони донишгоҳ дар соли 2020, ғолибони озмунҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳои “Олими сол-2020”, “Олими ҷавони сол-2020”, “Докторанти сол-2020”, “Магистранти сол-2019”, озмуни кафедраи беҳтарин бо медал, диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ, инчунин ғолибони Олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз фанни барномарезӣ барои дарёфти “Ҷоми Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо Шоҳҷоиза, диплом ва сипоснома қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ