​Такягоҳи боэътимоди давлат

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани рукнҳои Консепсияи миллии тарбия ба монанди тарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, гуманистӣ ва тарбияи сиёсӣ дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ - ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар” чорабинӣ доир гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом дар ниҳоди донишҷӯён ва муҳассилини томактабӣ баланд бардоштани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан – модар, хидмат дар сафи Артиши миллӣ, ифтихори ватандориву ватанпарастӣ унвон мешавад.

Дотсент Зайтметов Ҳусейн оид ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, хизмат дар сафи Артиши миллиро шарафи ҷавонмардӣ унвон намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ манзур гардид, ки табъи иштирокдоронро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ