​Тоҷикистон - кишвари мардуми меҳмоннавоз

Ин мавзӯи чорабинии фарҳангию тарбиявӣ буд, ки бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар хобгоҳи №3 баргузор гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ ҷойҳои таърихии Тоҷикистон ва рушди соҳаи туризм дар кишвар бо забони англисӣ муаррифӣ шуд.

Саҳнаи тарбиявӣ бо забони англисӣ таҳти унвони “Which is better?” пешкаши ҳозирин гардид, ки муҳтавои чорабиниро ғанӣ гардонид.

Бо иҷрои суруди “Ватан” аз ҷониби донишҷӯён чорабинӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ