​"Ҷавонон алайҳи тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм"

Ин мавзуъ зимни нишасти навбатии маҳфили маърифатӣ-ахлоқии "Асрори саодат" дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҳфил мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ дотсент Бахтиёр Шомирзоев, декани факултети забонҳои шарқ Исломҷон Раҳимов ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Гулорохон Тӯраева, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллимаи кафедраи забони англисӣ оид ба мавзӯи болозикр маърӯза намуда, перомуни усулҳои муфид ва муосири мубориза бо зуҳуроти номатлуб ибрози назар намуд.

Маҳфил ба таври тренинг сурат гирифт ва дар доираи он аз муаррифинома (презентатсия), тамринҳои амалӣ, тест истифода шуд. Озмуни “Беҳтарин акс”, ки қаблан доир ба мавзӯи мавриди назар миёни донишҷӯён эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ ва суботи сиёсии кишвар фаъолона саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ