​Факултети физикаю техника: Таҷлили солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтаанд. Бинобар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Санаи 19-уми феврали соли 2019 дар маҷлисгоҳи факултети физикаю техника бахшида ба 26-умин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рўзи баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон чорабинии судманд бо иштироки устодону кормандон ва донишҷўёни бахшҳои 1-3-юми факултет доир гардид.

Чорабиниро декани факултет, дотсент Мумин Шамсиддинов оғоз намуда, мақсади баргузории чорибинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардошатаи ҳисси ватандўстӣ, ташвиқу тарғиби корнамоиҳои ҷавонмардонаи афсарону сарбозон ва ахлоқии донишҷўён арзёбӣ кард. Инчунин аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд, чунин ёдовар шуд: “Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд амиқан дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.

Сипас, муовини декан оид ба таълим, дотсент Абдумалик Ҳоҷибоев дар мавзўи «Қувваҳои мусаллаҳ мактаби ҷасорат, қаҳрамониҳо ва садоқат ба ватан», баромад намуд.

Мудири кафедраи омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонии донишгоҳ полковник – ҷанговар, интернатсионалист Ҳамолов Ашўр Ҳамолович хотираҳои худро аз он рўзҳои даҳшатноки муҳорибаҳои хоки Афғонистон баён намуд.

Бо мақсади болида гардонидани хотири иштирокчиён аз тарафи донишҷўдухтарони факултет шеърҳо дар васфи Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Истиқлолият васарбозони Қувваҳои мусаллаҳ қироат карда шуд.

Дар фарҷоми чорабини раиси собиқадорони факултет, профессор Масаид Шерматов иштирокчиёнро бо фарорасии ин рўзи муборак табрик намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ