Паёми ҳидояткунандаи фардои дурахшон

Дар таърихи 26-уми январи соли 2021-ум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ро дар хусуси самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз тариқи телевизион дида, дарк намудам, ки ҷумҳурии азизамон то имрўз чанд марҳалаи рушду инкишофро паси сар намуда, дар айни ҳол ҳамчун давлати рў ба тараққӣ ниҳода дар байни кишварҳои дигари ҷаҳон мақому манзалати шоистаеро касб кардааст.

Дар тўли наздик ба 30 сол кишвари азизамон таҳти раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти фаровони ҷойдоштаро ба таври аҳсант ҳаллу фасл намуда, барои пойдор мондани озодиву истиқлолияти давлатамон тамоми саъю кўшиши хешро равона месозанд.

Дар даврони гузаштаи пурпечутоб ва баъзан басо душвори вуҷудаш давлати азизамон кулли зарбаҳои ҷонкоҳи аз тарафи душманони миллат, нотавонбинону сақарботинҳо ба муқобили он равонагардидаро мардонавор бартараф карда, неъмати бузурги миллати тоҷик- озодиву истиқлолиятро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кард ва дар ин ҷода хидмати Сарвари давлат беназир аст. Танҳо саъю кўшиши Президенти кишварро дар мавриди хотима додан ба ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми садаи гузашта ёдовар шудан кофист, ки он кас хидматеро ба ҷо овардаанд, ки баъзе кишварҳои ҳамсоя дар тўли наздик ним аср то ҳол аз уҳдаи ором сохтани вазъи номусоиди давлати хеш баромада наметавонанд.

Рў ба афзунӣ овардани буҷети кишвар, тадриҷан болоравии даромади пулии аҳолӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар, беҳгардии вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, бо суръат бештар гардидани ғамхории давлат дар ҳаққи маъюбону барҷомондагон, ятимон,бунёдгардии ҳазорҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, торафт зиёд гардидани маблаҒгузорӣ ба рушду нумўи маориф ва соҳаи тандурустӣ ва монанди инҳо баёнгари он аст, кикишвари азизамон, воқеан, марҳалаи нави рушди худро тай карда истодааст.

Сарвари давлат пайваста баҳри пешравии илму маориф кўшиш ба харҷ дода, дар андешаи он ҳастанд, ки тоҷикон мисли ниёгони шарафманди хеш дар инкишофи илму маърифат ҳиссаи шоиста гузошта, ба ҷаҳониён нишон хоҳанд дод, ки онҳо, воқеан, меросбари асили гузаштагони шарафманди худанд.

Дар Паёми имсолаи хеш чун солҳои қаблӣ Президенти ҷумҳурӣ дар ҷараёни баррасии вазъи зиндагии мардум таваҷҷуҳи худро ба баланд бардоштани нафақи маъюбон, барҷомондагон ва ҷавонони ба роҳи илм равонагардида бахшиданд. Ин ҳолат шаҳодати он аст, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар андешаи беҳ сохтани сатҳи зиндагии мардум, болобарии дараҷаи саводи ҷаонони ба роҳи илм раҳнамунгардида ҳастанд.

Дар ҷараёни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи забони тоҷикӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба ҳусни сухани тоҷикӣ равона карда, баробари ин таъкид намуданд, ки дар радифи эҳтиёт кардани забони тоҷикӣ аз гуна олудагиҳои нобарҷои таъбро хиракунанда диққат додан ба омўхтани забонҳои русиву англисӣ низ амри зарурист. Воқеан, донистани чанд забон барои шахс дари илму маърифатро ба таври вусъатнок мекушояд, ўро аз табиати забонҳои мухталифи дунё огоҳ месозад, робитаашро ба халқҳои дигари рубъи маскун қавӣ мегардонад. Дар ин ҷода бояд мо-забоншиносон дар байни мардум ташвиқу тарҒиботи доимиро ба роҳ монем.

Ҳасанзода А.А.-профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ