​Паёми Пешвои миллат – заминаи устувори таъмини волоияти қонун ва суботу оромӣ дар ҷомеа

Нахустин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми апрели соли 2000-ум ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардида, Паёми навбатӣ, ки 26-уми январи соли равон ирсол гардид Паёми 22-юмин ба шумор меравад. Паёми имсола низ мисли Паёмҳои қаблӣ аз таҳлили амиқи вазъи сайёраи мо оғоз гардида, Сарвари давлат қайд намуданд, ки соли 2020 барои тамоми мардуми ҷаҳон аз ҷумла сокинони Тоҷикистон дар робита ба паҳн шудани бемории сироятии коронавирус – соли мудҳиш, санҷиш ва имтиҳон буд. Хушбахтона мардуми мо бо сарҷамъӣ, таҳаммул, иродаи мустаҳкам, дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ин вабои асрро паси сар карданд.

Бо вуҷуди таъсири буҳрони иқтисодӣ, молиявӣ Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирҳои судманд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфт ва маҷмӯи маҳсулоти дохили ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Соли сипаришуда дар таърихи кишвари мо бо чанд рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла интихоби вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ хотирмон гардид.

Дар Паёми Сарвари давлат рушди устувори мамлакат дар соли сипаригардида дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ва нақшаву барномаҳои рушди минбаъдаи кишвар бо таҳлилҳои амиқ ва илман асоснокгардида таҳлил гардиданд.

Рушди устувори мамлакат, иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар аз таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, суботу оромӣ ва таъмини амният вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамасола Пешвои миллат дар ин самт дар Паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар - Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки тавассути қабули қонуну қарорҳои нав барои таҳкими қонуният, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати мардум саҳмгузор бошанд.

Барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ воқеан ҳам санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯй ба талаботи замон ва барои рушди кишвар нигаронидашуда зарур мебошад. Дар Паём ба ҳамкории зичва судманди минбаъдаи вакилони тамоми зинаҳо бо идораву ташкилотҳо ва мақомоти татбиқкунандаи ин санадҳо таъкид гардид.

Сифати кор, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа аз масъулияти баланди кадрҳо вобастагӣ дорад. Пешвои миллат ба роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тарбия ва тайёр намудан,интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Сарвари давлат доир ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, ишора намуда, таваҷҷуҳи мақомоти қудратии кишварро ба таъмини амният, суботу оромӣ дар ҷомеа, пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротӣ ҷалб намуданд.

Дар Паём таъкид гардид, ки сарварону пайравони созмонҳои террористӣ, душманони давлати соҳибистиқлоли мо аз нақшаҳои шуми худ даст накашида, бо ҳар роҳу васила, барангехтани ихтилофҳои диниву мазҳабӣ, гумроҳ кардани ҷавонон ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари мо ва роҳи интихобкардаи он халал расонидан мехоҳанд.

Имрӯз созмонҳои ифротӣ ва марказҳои гуногуни тафриқаандоз аз шабакаҳои интернетӣ бештар истифода бурда, мехоҳанд, ки ба мағзи ҷавонон андешаҳои ифротӣ ва фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил намоянд. Барои тақвият бахшидани муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар падидаҳои хатарафзо Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ дастуру супориш доданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия намуда, баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар Паём таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба сифати ташаббускори бисёр масъалаҳои доғи сайёраи мо, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, фурӯши аслиҳа, қазияи Афғонистон, ҳалли масъалаи обу экология, тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравадва дар ин самт пешсаф мебошад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар санади сарнавиштсоз, ояндасоз буда, барои таъмини нақшаҳои пешбинишуда дар самти рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ, маънавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Паём барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум, такмили қонунгузории миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои ормонии мардуми мо – бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаи устувор маҳсуб меёбад.

Шавкат Шарифов, Иброҳим Ҷабборов, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ