​ДДХ: 15 нафар донишҷӯён-иштирокчиёни «Ҳафтаи идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» соҳиби гувоҳнома гардиданд

Имрӯз, санаи 28 декабр дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» баргузор гардид.

Дар доираи ин маросим ба 15 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки фаъолона дар ҳафтаи идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ширкат доштанд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд гувоҳнома супорида шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун сарвати миллӣ, нерӯи созанда рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, мавқеъ ва рисолати онҳо дар ҳаёти давлативу чамъиятӣ бағоят муҳим аст.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Раиси вилоят «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» озмуни интихоби донишҷӯён барои иштирок дар Ҳафтаи худидоракунӣ баргузор гардида, аз байни зиёда аз зиёда аз 450 нафар донишҷӯён 39 нафар барои иштирок дар Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 15 нафарро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил медиҳанд. Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз ҷалби донишҷӯён ба идоракунии давлатӣ таҳкими малакаву маҳорат, шинос намудани онҳо бо низоми роҳбарӣ ва андӯхтани донишу малака дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ