Қадри зар заргар бидонад!
Дар мероси ниёгонамон ривояти пурҳикмате омадааст, ки шоҳи одилу оқиле барои фаромӯш насохтани рӯзҳои вазнини зиндагӣ пойафзоли худро болои тахти шоҳӣ гузоштааст. Маънии ин амал он аст, ки хотираи ҷавонӣ шоҳро водор мекунад, ки амалҳои худро баҳои воқеӣ диҳад. Зеро, на ҳар фард метавонад баъд аз соҳиби мансабе шудан рафтору гуфтор ва кирдори худро дар тарозуи ақл гузораду ҳисси адолату раиятпарвариро гум накунад.
Хушбахтона, даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шахсиятеро ба сарварии давлат насиб донистааст, ки ҳамаи амалҳояш мисли шоҳи ривоятӣ асту мардум бо сарвари худ доимо ифтихор менамоянд. Хусусан, бо эҳсоси давраҳои ҷавонӣ ба насли ҷавони кишвар такя намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи неки давлатдории муосир гардидааст. Ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин намудани ҷавонон, таваҷҷӯҳи хоса ва дастгирии пайвастаи насли ҷавон ва ғайра нишонаи некбиниву некхоҳӣ, дурбинию дурандешии Пешвои муаззами миллат ва хизмати шоиста ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Дар ин ҷода эътибори алоҳида ба ятимону бепарасторон, ҷавонони боистеъдоду болаёқат зоҳир намудани Пешвои мӯътабари мо боиси эҳтироми самимии беандоза ба шахсияти он кас ва маҳбубияти мардумро сазовор шуданашон аст. Таъсиси муассисаҳои томактабӣ, мактаби Президентӣ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо ва дигар амалҳо гувоҳии ин накӯкорист.
Дар ҷараёни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат изҳор карданд ва масъулонро вазифадор намуданд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе бунёд карда шавад. Инчунин, таъкид доштанд, ки ин муассисаҳо бо таҷҳизотҳои беҳтарини муосир муҷаҳҳаз ва тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шавад. Ин иқдоми навбатии падаронаи Пешвои муаззамамон ба ҷавонон, хусусан ятимону бепарасторон мебошад. Ҳол он, ки то имрӯз ҳам гуфтаҳои Пешвоямон, ки “худро ятим ҳис накунед, давлат волидайни шумост, ман Шумоёнро танҳову беэътибор намегузорам” шиори ҳамешагӣ буда табақаи ниёзманди ҷавонон таваҷҷӯҳи хосаи он касро доимо эҳсос менамуданд. Бо рӯҳбаландӣ аз инсондӯстиву ғамхории пайваста насли ҷавони Ватан бо фахри самимӣ мегӯянд!
Аҳсан падари азизу меҳрубону ғамхор!
Барои Ватану Пешвои худ омодаем хизмати шоиста намоему ҳатто ҷони худ нисор созем.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”