​ЗАБОН ВОҚЕАН ҲАСТИИ МОСТ!

Ду санади муҳим – Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми июли соли 1989) ва Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009)-ро шаҳодатномаи воқеии шукӯҳу шаҳомат ва боландагиву сарфарозии забон дар охири садаи ХХ ва даҳсолаҳои аввали садаи ХХ1 метавон ба ҳисоб овард. Ин тасмимоти пайваста водор мекунад, ки ба қадри ширинии «қанди форсӣ», «гавҳари беҳисоб»-и тоҷикӣ, «лафзи шеъру дилбарӣ» расем, ба «панд»-и волои дарӣ арҷ гузорем. Ин каломест ноб, «бекаронбаҳр», парварда бо «шири модар», омехта бо «меҳри модар», забонест беташбеҳ («Баҳри ман ташбеҳи дигар нест»), лаҳнест дӯстдоштанӣ чун шӯхии дилбар ва «навозишҳои гарми модар» (Муъмин Қаноат).

Вазифаи асосии насли миллат, устодону коршиносони арсаи забони давлатӣ аст, ки дар татбиқи дастурҳо омӯзиши ҳамаҷонибаро пайгирӣ ва мақому манзалати хосаи забони тоҷикиро пайваста нигаҳбонӣ намоянд.

Доираи мутолиаи мо аз адабиёти илмӣ роҷеъ ба пайдоиши забон ба ҳар боб маҳдуд нест, ӯ он назарияи забоншиносиро бори дигар мавриди назари донишҷӯён қарор медиҳад, ки забони тоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб буда, то расидан ба ҳолати имрӯзӣ чанд марҳалаву давраи бузурги рушду инкишофро тай намудааст. Забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, давраи ориёӣ ё ҳиндуэрониро тай карда, сипас ба гурӯҳҳои эронӣ ва ҳиндӣ ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳи забонӣ дар марҳалаи аввали рушд бо ҳам дар сатҳи лаҳҷа ё гӯиш наздикӣ доштаанд, ки сохтори забонии китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ва «Ведо»-ҳои ҳиндӣ аз ин наздикӣ шаҳодат медиҳанд.

Ин аст, ки таърихи рушди забонҳои эронӣ бо такя ба дастабандии шартии олимон (дар се марҳала) – марҳалаи бостон ё қадимӣ, миёна ё давраи асримиёнагӣ ва давраи нав мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст ва ба масъалаҳое монанди миқдори забонҳои нави эронӣ, ҷойгоҳи забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар аҳди Сомониён, мақому манзалати он дар асрҳои миёна, расмияти давлатии забони форсии тоҷикӣ дар давраи ҳукмронони ғазнавӣ, қарохонӣ, салчуқӣ, темурӣ, шайбонӣ, аштархонӣ, мaнғитӣ махсусан таъкид шудааст.

Дар идомаи баҳси мавзӯи аввал ҳамзамон сухан роҷеъ ба вазифаҳои соҳибзабонон бояд равад ва дар ин маврид нуктаи муҳимме таъкид шавад, ки агар мардум имрӯз ба зинаҳои баланди илму маърифат расида бошанд, агар онон асрори қабат-қабати заминро кашф намуда, то моҳ расидаву акнун азми парвози сайёраҳои дигарро дошта бошанд, пас ин ҳама ба василаи забон аст. Оре, забон омили асосии эҷоди фарҳанг, нахустин василаи тараққӣ ва инкишофи ҷомеа буд, ҳаст ва ҳамчунон хоҳад монд.

Аз ин рӯ, соҳибони забон барҳақ ба иҷрои ду вазифаи ҳаётан муҳим водоранд:

Яке, омӯзиши забони адабӣ бо ҳадафи раҳоӣ аз иллатҳои маданӣ ва расидан ба пояҳои баланди илму маърифат;

Дигаре, садоқату муҳаббати бениҳоят ба забони ноби модар, кӯшиши муваффақ ва пайгирона дар ҳифзу нигаҳдошти тозагиву тароват ва покиву беолоишии он барои наслҳои оянда ҳамчун мероси азими фарҳангиву сарвати ноёби миллӣ.

Идомаи мавзуъҳои ин дастури пурбор пайи ҳам ба масоили умдаи савтиёти забони тоҷикӣ, зада ва меъёри талаффузи забони тоҷикӣ, имло, равандҳо ва таърихи таҳияи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар замони нав, имлои исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, сифати феълӣ ва феъли ҳол, зарф ва пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача ва нидо ихтисос ёфтаанд. Дар як дарс муаллиф суду фоидаи одоби сухану суханварӣ ва арзиши таъбироти халқиро дар зимни муошират мавриди гуфтугӯ қарор медиҳад. Баъдан ӯ боз бармегардад ба баҳсу баррасии сохторшиносии лексикӣ ва сарфиву наҳвии забони тоҷикӣ – амсоли калима чун воҳиди луғавӣ, мавқеи муродиф, мутазод, калимаҳои ҳамгун ва сермаъно дар матн, ибораҳои озод ва фразеологӣ, ҷумлаҳои содаву мураккаб ва хелҳои он, ғалатҳои навишторӣ ва таснифоти он. Пасон имкон фароҳам омада, ки хонанда ба ҷойгоҳи фарҳангҳо ва кутуби луғат, анвои луғатномаҳои забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ саргарм шавад. Идомаи мавзӯъ ба масоили аломатҳои китобии охир ва дохили ҷумла,аломатҳои китобии муштаракмавқеъ гиреҳ мехӯрад. Дар баҳси услубу услубшиносӣ шохаҳои мухталифи услубӣ, хусусиятҳои услуби илмӣ, рӯзноманигорӣ ва идорӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Сипас бозгӯи қазияи ҳуҷҷатнигорӣ ва анвои он – ҳуҷҷатҳои ташкилӣ, ахборӣ ва амрдиҳӣ пеш меояд. Бахшҳои охир ба номанигорӣ ва анвои он, чигунагии корҳои илмӣ-тадқиқӣ, навъу хусусияти сохтории онҳо ва усули таҳияи маърӯзаи илмӣ марбутанд. Агарчи, дар бархе маврид, лағзиши андаки мусанниф дар ҷо ба ҷо гузории матолиби дастур ба чашм мехӯрад, бо вуҷуди ин, кӯшиши вофир ба харҷ рафтааст, маводи мавриди ниёз ба донишпажӯҳони ҷавон бо расму шеваи хос, асноду далоили ҷолиби таваҷҷуҳ, намунаҳои сараву хондании адабиёти гузаштаву ҳозираи тоҷикии форсӣ, ҳамзамон бо забону баёни расо ва пухтаи илмӣ-тадрисӣ ироа гардад.

Намунаҳои матну луғоти форсӣ ва русиву лотинӣ матни корхӯрда, коромад, корозмуд ва луғоти нобу сара дар вазъи кунунии баҳрамандӣ аз маводи дирӯзу имрӯзи забони тоҷикӣ-форсӣ ва аз зумраи намунаҳои хуби огоҳӣ аз кутуби назму наср ва луғоту фарҳангномаҳои қадиму ҷадид аз ҷониби мусанниф ба ҳисоб мераванд. Гуфтаву фармудаҳои бузургони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ дар бораи забон ва арзиши волои сухан, панду ҳикоятҳо аз русум ва одоби суннатии аҷдодӣ, пораҳо аз нигориши суханварону алоқамандони сухан дар замони мо – Шоири халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ («Агар мо ҳама медонистем!», пешгуфтори китоби арзишманди академик, шодравон Муҳаммадҷони Шакурӣ «Хуросон аст, ин ҷо!»), сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст («Тоҷикистон дарахтест тануманд, ки реша дар аъмоқи таърих дорад»), Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат («Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»), матнҳои корхӯрда оид ба мактаб ва симои он, омӯзгор, хонавода, масъулияти падару модар, тарбияи кӯдак, ҳусн ва маърифати зан-модар, навиштор дар бораи донишу фанноварӣ ва фарогирии ҷадид – моҳияти интернет ва инноватсия, нигорише дар бораи нобиғагони илми дунё (аз ҷумла, физики машҳури ҷаҳон Исаак Нютон) ва илми тоҷик ҷанбаи маърифатӣ, донишандӯзӣ ва иттилоотии фаровон доранд. Маҳз ба василаи ин матнҳо бо чанде аз андешаҳои милливу иҷтимоӣ ва инсонии тоҷикон ва афкори ҷаҳонӣ дар замонҳои мухталиф, пайванди дирӯзу имрӯз, махсусияти забон ва адабиёт, ҷилваҳо ва саҳифаҳои рангини таърихи навини илму фарҳанги Тоҷикистон, махсусияти асри кайҳон ва асри иттилоот, мушкилоти ҷомеа, мактаб, хонавода ва ғайра ошноӣ метавон пайдо кард. Дар бисёр маврид фикри мо бо афкори сараи донишмандон ва суханварони забардаст гиреҳ бояд хӯрад, ки такя ба шинохти арзишҳои муқаддас дошта, мутолиаи онҳо барои такомули фикрии хонанда бас муфид аст, агар воқеан ҳам хоҳад ба маънои том ва ба таври ҷиддӣ аз ин андешаҳои созанда баҳрамандӣ намояд.

Субҳони Аъзамзод,

устоди Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ