​ИСТИҚЛОЛ ДАР ШЕЪРИ МУОСИРИ ТОҶИК

Мавзуи Истиқлол дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Дар давоми 34 соле, ки Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар бораи моҳияти таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии он ҳазорон нафар аз миёни аҳли илму адаб ва қишрҳои дигари ҷомеа дар ин мавзуъ изҳори назар карданд. Мавзуи Истиқлол дар ашъори қариб ҳамаи шоирони имрӯзи Тоҷикистон матраҳ шуда, ҳар суханвар назари худро дар мавриди ин дастоварди бебаҳо баён кардааст. Маҳз ба василаи сухани манзум адибони тоҷик дар заминаи истиқлоли кишвар мавзуи ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро низ ба миён гузошта, ифтихор аз миллати соҳибистиқлол ва таърихи пуршаъну пуровозаи хеш кардаанд. Муҳаббат ба Ватан ва диёри худ, меҳру садоқат ба сарзамини худ асоси истиқлол аст, ки ба ин маънӣ шоир гуфта:

Чист истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Бар замини шуҳрати озодагон

Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Истиқлолият рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати ҷомеаи тоҷикон дар давоми ҳазор соли охир аст, ки пас аз заволи давлати Сомониён ҳамеша бузургтарин ормони миллӣ буда, бо кору пайкори пайгиронаи халқи тоҷик ва пирузиву саодати он, таъмини сулҳу субот ва обруву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ матраҳ мешавад.

Рамзу тасвирҳои миллӣ: парчам, суруди миллӣ, забони модарӣ нишонаҳои истиқлоли кишваранд, ки дар шеъри шоирони муосир сутуда мешаванд. Ин аст, ки шоири муосир Ҳакими Гӯё гуфтааст:

Ҷилваи парчами мо истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо истиқлол,

Мақсаду матлаби мо истиқлол,

Бехтарин мактаби мо истиқлол.

Оре, истиқлол мактаб аст, мактабе, ки аз он миллати мо, хоса ҷавонон ҳамарӯза сабақ мегиранд, парвариш меёбанд ва дарси ватандориву давлатдориро меомӯзанд.

Ҳама фирӯзии мо истиқлол,

Рӯзи мо, рӯзии мо истиқлол.

Бод зебо ватани номии мо,

Рамзи хушрӯзии мо истиқлол.

Шоир истиқлолро рамзи хушрӯзӣ меномад, зеро ҳар миллату давлате, ки аз ин неъмат бебаҳра аст, саодати мустақил буданро надорад, хушрӯзу хушрӯзгор нест. Ватани мо номвар ва шуҳратёр башарофати истиқлол аст.

Шоири шинохтаи тоҷик Шаҳрия низ дили тоҷиконро моломол аз фахр ба шарофати истиқлол тасвир мекунад:

Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик,

Дили аз фахр моломоли тоҷик.

Шеърҳо дар мавзуи истиқлол ғолибан ифодагари эҳсоси шодиву фараҳ, умед ва орзуҳо ба ояндаи неки кишвар мебошанд. Шаҳрия ба ин маънӣ мегӯяд:

Паёми сабз орад кафтари ишқ,

Ба гӯши миллати хушфоли тоҷик .

Кабӯтар, ки маъмулан дар адабиёт чун қосид тасвир меёбад, дар ин шеър чун оварандаи паёми сабзи муҳаббат инъикос шудааст.

Дар шеърҳое, ки дар мавзуи истиқлол гуфта шудаанд, сухан дар бораи Ваҳдат ва ҳамбастагиву ягонагии миллат меравад, ки омилҳои басо муҳим барои пешрафту шукуфоии миллат ҳастанд. Ин матлабро Шаҳрия хеле самимӣ ифода кардааст:

Ба Ҷоми ҷам биёвар бодаи меҳр,

Ки дар ваҳдат бувад иқболи тоҷик.

Куҳансолу куҳанаҷдоди даҳрем,

Набошад миллате амсоли тоҷик.

Рустами Ваҳҳоб, шоири андешаманди тоҷик, истиқлолро чун тоҷи шарафи миллат шинохтааст. Ба фикри ӯ хеле муҳим аст, ки инсон соҳибватан бошад. Бинобар ин дар тасаввури ӯ соҳибватане, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ садо баланд мекунад, мисли шерест, ки аз бешаи истиқлол аст. Яъне ифтихори миллӣ инсонро пурдил мекунад, ҷасорат мебахшад ва дар арсаи ҷаҳонӣ шукуҳу ифтихор ато мекунад:

Тоҷи шараф андешаи истиқлол аст,

Андешаи ҳақ решаи истиқлол аст.

Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сар ба сар аст,

Шерест, ки аз бешаи истиқлол аст.

Аз назари шоири дигар Аҳлиддин Ҳисорӣ, истиқлол иқболи баланди миллат аст. Он орзуи ниёгони мо буд, ки ҳазор сол дар дил доштанд, аммо нарасиданд. Ва акнун, ки мо ба он дастрасӣ пайдо кардем, аз ифтихор сар ба фалак мебардорем, ғуруру ифтихори беандоза дорем:

Чун ҳамепурсӣ истиқлол чист,

Гӯямат, медонӣ, ин иқбол чист,

Бахти воло ҳасту толеи баланд,

Орзуи рафтагон эй арҷманд.

Сарбаландиву ғуруру ифтихор,

Дар миёни халқи олам эътибор.

Сарбаландиву ғуруру ифтихор ҳама аз истиқлоли миллист. Эътибори ҳамаи кишварҳо ба василаи истиқлол ба даст меояд. Истиқлол неруи бузургест, ки ба вуҷуди инсон ҷону тавон мебахшад. Шукуҳу шавкати Ватан, фарри Ватан зи нури истиқлол аст. Ин маъниро шоир Фарзон Назрӣ хеле сареҳ ифода кардааст:

Фарри ватанам зи нури истиқлол аст,

Неруи танам зи зӯри истиқлол аст.

Ӯ мутмаин аст, ки истиқлол илҳомбахши шоирон аст:

Дар мазраи ишқ шоири миллатро

Бишкуфта гули сухан зи истиқлол аст.

Шоир Исмоил Зарифӣ низ ашъори фаровоне дар васфи истиқлол дорад. Соҳиби мулк будан ба андешаи ӯ боиси нозу тафохур аст. Ӯ истиқлолро кимиё, яъне ганҷи камёбу нодир мешуморад:

Нозам аз он ки соҳиби мулкам,

Баҳри ман кимиёст истиқлол.

Истиқлол барои ӯ мисли обу ҳавост, ки бидуни онҳо зиндагӣ ва ҳаёт вуҷуд надорад:

Бе ватан ман нафас намегирам,

Ҳамчу обу ҳавост истиқлол.

Ҳамин тариқ, як назари иҷмолӣ ба ашъори чанд шоири муосири тоҷик нишон медиҳад, ки суханварони мо истиқлолро чун ганҷи бебаҳо ва неъмати бузург дар ҳаёти миллату давлат шинохтаанд. Дар шеъри имрӯз ифтихор аз ватану давлати мустақил, парчам, суруди миллӣ ва забони модарӣ баланд садо медиҳад ва мавқеи инфиродиву ҷамъиятии шоиронро таҷассум мекунад.

Матлубаи Мирзоюнус,

профессори Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ