Ғояҳои инсонгароӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ашъори педагогони мардумӣ

Муҳимтарин шарти ташкили илмии омодагии инсонгароии хонандагон риояи принсипи илмият буда, дар ин замина зарурат ба истифодаи ғояҳои пешқадаму пешбар ва муқаррароти педагогикаи муосир ба миён меояд. Ин аз он ҷиҳат низ зарур аст, ки таҷдиди техникии истеҳсолот, тезонидани аз хуб кунии технологияи навтарин дар назди системаи умумӣ омодагии меҳнатии толибилмони ҷавон вазифаҳои тамоман нав мегузаранд. Истеҳсолоти муосир ба мутахассисоне, ки саводи кор кардан бо технологияи муасир, аз ҷумла кор бо компютер ва барномарезӣ доранд, ҳанӯз аз хурдсолӣ дар рӯҳияи муносибат ба меҳнати муташаккилона, ба интизоми хуби бошуурон тарбия гирифтаанд, эҳтиёҷ дорад.

Дар ҷараёни пешрафтҳои илмӣ - техникӣ ва иҷтимоии, инкишофёбанада шаҳрванд-меҳнаткаши типи нав ташаккул меёбад, ки бо эътиқодмандии демакратӣ, пайванди мунтаносиби меҳнати ҷисмониву ақлонӣ, ҷаҳонбинии фарохи касбӣ ва фарҳангӣ, маҳорат, ба таври амиқ донистани асосҳои фаъолияти тарбиявӣ ва муносибати эҷодкоронаву бошуурона ба меҳнат фарқ карда меистад. Ислоҳоти системаи маориф, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, ба рушди эҷодии принсипҳои ягонаи меҳнатӣ ва политехникии мактабҳо асос ёфта, ба он равона гардидааст, ки сатҳи саводнокӣбаланд гардида, омодасозии хонандагон баҳаёти мустақилонаи меҳнатӣ беҳтар карда шавад. Қонунҳои ва қарорҳои солҳои охир оид ба масъалаҳои маориф, таълим ва тарбия қабул гардида нақши бориз ва аҳамияти тарбияи меҳнатии хонандагонро дар шароитҳои бозсозии тамоми соҳаи маориф таъкид менамоянд. Вазифаҳои номбурдаи консептуалӣ такмили минбаъдаи низоми тарбияи меҳнатии хонандагонро чун қисми таркибии маълумоти умумӣ ва касбии ба ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта равонагардида ба таври қатъӣ талаб менамоянд. Фаолияти касбӣ, ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ маҷмӯи сифатҳое мебошад, ки дар раванди таълиму тарбия ва натиҷаи худ фаолиятӣ дар солҳои мактабӣ парвариш ёфтаанд. Тавре ки маълум аст, аввалин намуди меҳнат барои хонанда меҳнати таълимӣ мебошад. Бинобар он ин ҷо аксар ҷиҳатҳо ба ташаккули муносибати мусбат ба таълим дар ниҳоди хонандагон иртибот дорад.

Меҳнати таълимӣ дар ҷараёни корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ қисми зиёди вақти хонандагонро гирифта ба ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-меҳнатӣ дар ниҳоди онҳо таъсири амиқ мерасонад, ки ҷои асосиро дар байни онҳо меҳнатдустӣ ишғол мекунад.Натиҷаҳои таҳқиқоти мо нишон доданд, ки агар дар ниҳоди хонандагон муносибати мусбат ба таълим, чун ба меҳнат ташаккул ёфта бошад, пас он минбаъд барои гузаштан ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, барои пайванди таълим бо меҳнати истеҳсолӣ, барои таъмини робитаи мактаб бо истеҳсолот чун пойгоҳ хизмат мекунад. Қобили таъкид аст, ки роли (нақши) таълим дар тарбияи меҳнатии хонандагон аз тарафи мо чун сарчашмаи гирифтани донишҳои муайян оид ба аҳмияти меҳнат дар ҳаёти инсон, оид ба характери меҳнат ба симои ахлоқии меҳнаткашон маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ дар ҷараёни ташкили меҳнати таълимӣ дида баромада мешавад.

Илми педагогика ба масъалаи тарбияи меҳнатии насли наврас ҳамеша яке аз ҷойҳои асосиро ҷудо мекард ва минбаъд низ ҷудо хоҳад кард.

Ҳанӯз дар соли 1918, Комиссияи давлати оид ба маориф таҳти роҳбарии Н.К. Крупская, А.В. Луначарский “Низомнома оид ба Мактаби меҳнатии ягонаи Респупликаи Саветии Сетсиалистии Федератсияи Русия” ва “Принсипҳои асосии мактаби меҳнатӣ” таҳя намуд. Асоси ҳаёти мактабӣ дар «Низомнома» навишта шудааст, ки меҳнати истеҳсолӣ на чун восита пардохти хароҷод барои нигоҳӯбиникӯдакон ва на танҳо чун методи таълим, балки чун меҳнати истеҳсолии зарурии ҷамъиятӣ бояд хизмат намояд. Он бояд бо таълим, ки тамоми ҳаёти иҳоташавандаро бо нури худ мунаввар месозад, иртиботи қавӣ дошта бошад. Меҳнати истеҳсоли ҳамеша мураккаб гашта, аз доираи вазъи бевоситаи ҳаёти наврасон баромада бояд бачагонро бо шаклҳои басо мухтлифи истеҳсолот, то ҳадди олӣ шинос намояд.”

Ҳамин тавр, пайванди таълим бо меҳнати истеҳсолӣ дар низоми тарбияи ханандагондар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ равияи касбӣ гардид.

Дар иштироки наврасону ҷавонон ба меҳнати истеҳсолӣ, дар робитаи узвии онҳо бо ҷомеаи кормандон намояндагони педагогикаи ватанӣ, ки бо ҳалли муаммоҳои тарбия меҳнатӣ машғуланд, вобастаи қавии ташаккули худшиносии синфӣ, омодагӣ ба муборизаи сиёсиро диданд.

Қобили тазаккур аст, ки афкори С.Т.Шатский дар хусуси он, ки вуруди меҳнат ба бачагон аз ҳоло кумак расонидааст, (на дар он вақт, ки онҳо на калон сол мешавад) ки ҳаёти худро ба тарзи нав ташкил намоянд, мактаб дар тағйир додани тарзи зист дахолат кунад, дорои аҳмиёти зиёди назариявӣ ва амалӣ мебошад. Ӯ дар хусуси зарурати ташкили хоҷагие ба хулоса омад, ки нақшаи саноативу молиявии худро дошта бошад ва тибқи боварии қатъии ӯ он барои ба ибтидои тарбия табдил ёфтани меҳнат имкониятҳои воқеӣ фароҳам меорад.

ПедагогС.Т.Шатский чунин меҳисобад, ки ба маънои томи сухан ба мо меҳнати бачагона лозим аст, бинобар оноид ба ташкили чунин корибачагона бояд ғамхорӣ намоем, ки он як қисми коргоҳ, колхоз, вале ҳамзамон қисми супоришӣ, шавқовар, барои бачагон дастрас, ҳамчунин ҷиддӣ бошад.

Тавре ки ин педагог ба таври саҳеҳ қайд менамояд, бидуни меҳнат проблемаи ташкили ҷомеаи наврасонро ҳал кардан ғарйриимкон аст. Ҷамеаи маскур бошад, танҳо ҳамон вақт устувор ва мақсаднок мегардад, ки агар меҳнати наврасон барои ҷомеъа фоиданок бошад ва ин фоиданокӣ аз тарафи ҳар як иштирок дорои он эҳсос гардад. “Меҳнат,-тасдиқ менамояд С.Т.Шатский,-асоси ҳаёти бачагон шуда метавонад, вале танҳо меҳнати бачагона, хурсандона ва рӯбаландона.”

Педагоги дигари машҳур П.П.Блонский дар асараш “Ташкили меҳнат чун фанни таълимӣ дар мактаб” навиштааст: “Дар асри пешрафти”техника танҳо гузориши масъала доир ба азнавташкилкунии оқилонаи меҳнат имконпазир аст. Дар марҳилаи инқилобии азнавсозии ҳаёти ҷамъиятӣ эҳтиёҷ ба тарбияи созмондиҳандагони ҳаёти нав ва ҷамъияти нав басо муҳим аст. Ҷар ҷомеаи комилан демакратӣ вазифаи бартараф сохтани зиддияти байни ташкилотҳо ва иҷро кунандагон меистад: ҳар як узви ҷомеа бояд ба фаъолияти созмондиҳи қобилият дошта бошад”

П.П.Блонский ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятии хонандагони мактаб бе назардошти он, ки он маркази мактаб маҳсуб меёбад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекард. Ӯ борҳо таъкид карда буд, ки “Дар тарбияи хонандагон ба меҳнати ҷамъиятии онҳо такя бояд намуд. Чунин мактаб меҳнатро бо амал, бо маълумот, бо ақл омезиш медиҳад, ирода ва ақлро дар асоси як мавод ва як раванд тарбия менамояд.”

Бояд хотирнишон сохт, ки масъалаи меҳнати хонандагон, ташкили илмии он ва тарбияи меҳнатии хонандагон дар асарҳои олимон А.П.Пинкевич, М.М.Пистрак, В.Сорока-Росинский, А.Рудик, И.Кан ва бисёр педагогҳо ва психологҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Чунончи А.А.Пинкевич дар асари худ ҷониб дорони “меҳнати дастиӣ” ва касбомӯзии барвақтро сахт танқид намудааст. Ба андешаи ӯ чизи асосӣ он аст, ки ба ҳалли масъалаҳои таълими меҳнат ва тарбия робитаҳои қавии байни истеҳсолот ва мактаб таъсири амалӣ мерасонанд, ки дар марҳилаи имрӯза аҳмияти басо муҳим дорад.М.М.Пистрак дар фаъолияти амалӣ-педагогии худ ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятии хонандагон эътибори басо муҳим медод. Ба ақидаи ӯ, меҳнати фоиданоки ҷамъиятии хонандагон ба ҷуз сифатҳои дигари шахсият, ҳамчунин коллективизм (дастҷамъӣ)-ро низ фаъолона ташаккул медиҳад. Ӯ чунин меҳисобид, ки бачагону наврасон дар мактаб дар ҷараёни меҳнат “чунин коллективистоне буданро меомӯзанд, ки барои замини мо, барои эҷоди шаклҳои нави ҳаёти ҷамъиятӣ заруранд. [48,103].

Ба андешаи И.Кан таълими хонандагон дар истеҳсолот бояд ҳидафи шиносонидани онҳоро бо системаҳои гуногуни хоҷагии истеҳсолот, бо ташкили истеҳсолот дошта бошад. + мунсифона чунин меҳисобид, ки дар чунин шиносои сифатҳои арзишманд барои мушоҳида, корӣ, зиракӣ ва кунҷковӣ пайдо мешавад, талабот ба вусъат додани дониши, таълими политехникӣ ва исеҳсолии дар чунин замина ва бо ҳамин гуна мақсад ба роҳ мондашуда афзуда, аҳмияти зиёди иҷтимоӣ касб менамояд. Педагоги боистеъдод А.С.Макаренко ба масъалаи тарбияи меҳнатии насли наврас эътибори хоса медод. Ҷавҳари ақидаи ӯ доир ба ин проблемаи мубрам он аст, ки меҳнат танҳо ҳамон вақт воситаи тарбия мегардад, ки агар он бо тарбияи сиёсӣ ва ахлоқӣ марбут гардад.

Педагоги машҳур В.А.Сухомлинский дар асарҳои худ ба тарбияи хонандагон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Дар таҳқиқи масъалаҳои назарияи тарбияи меҳнатии хонандагон, ки муҳимтари ҷанбаҳоро чун равшан сохтани мундариҷаи таълими меҳнат дар мактабҳоиибтидоӣ ва миёна, коркарди шакл ва методҳои онҳо, принсипи политехнизм чи дар ҷараёни фаъолияти таълимӣва берун аз он, чи дар омода сохтани хонандагони синфҳои боло ба меҳнати истеҳсолӣ фаро гирифтаанд, паҷӯҳишгарон П.Р.Атутов, А.А.Василков, Ю.К.Василев, А.Г.Зубов, К.А.Иванов, А.П.Сейтешев, М.Н.Скаткин, П.И.Ставский, Г.А.Усманов Г.Т.Хайруллин, С.М.Шабанов вадигарон ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Аз тарафи олимон - педагогҳо (П.Р.Атутов, А.А.Василев, К.А. Иванов, А.А. Шабанов ва дигарон) хусусиятҳои робитаи таълим бо меҳнати истеҳмолӣ муайян карда шудаанд “Ингузориш бо умумият, аз синну соли муайян сар карда ба ҳатмӣ будани самаранокии меҳнатии хонандагон, пайванди комил ва устувори он ба меҳнати таълимӣ; густариши насазарраси робитаҳо бо муҳити иҷтимоии отроф; аз унсури раванди таълимӣ-тарбияӣ ба принсипи фарогирии кори мактаб табдил ёфтани меҳнати истеҳсолӣ, истифодаи ҳарчи бештари имконоти ҷомеаҳои меҳнатӣ ба ташкилотҳои меҳнатӣ истеҳсолии хонандагон ва таъсири иҷтимоӣ-политехникӣ ва ғоявӣ-тарбиявӣ расонидан ба онҳо, ба роҳ мондани шаклҳои пешқадам, аз ҷумла биригадавии ташкили меҳнати ҷамъиятӣ дар фаолияти хонандагон, ба меҳнати истеҳсолии хонандагон бо ҳифзи тамоми вазифаҳои тарбиявӣ ва дидактикии он хосияти раҳнамоии касбӣ ва эҷодӣ бахшидан”.

Таълими меҳнат ин таҳвил ва аз худ кардани маҷмӯи донишу маҳорат буда, ба иҷрои муваффақонаи фаъолияти меҳнатӣ мусоҳитад менамояд. Омодаги меҳнат чун таълими меҳнат ва тарбияи меҳнатӣ фаҳмида шуда, дар маҷмӯъ, дар алоқамандӣ аз назар гузаронида мешаванд, ки онҳо дар ҷараёни намудҳои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла таълимӣ ба иҷро мерасад. Қабули таърифоти фавқуззикр ба мо имкон медиҳад, ки омодагии меҳнатии мактабиёнро дар низоми раванди таълимӣ-тарбиявии мактабҳо чун сохтори мақсадноки қисмҳои бо ҳам алоқаманд шарҳу тавзеҳ диҳам.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар ҷараёни фаъолият ташаккул меёбад. Аксиомаи педагогии мазкур ҳақиқати баҳснопазир буда, далелу бурҳон талаб намекунад, он бо тадқиқотҳои сершумори назариявӣ ва амалии педагогҳои, сотсиологҳо ва психологҳо тасдиқ ва собит гардидааст. Албатта, ҳар як намуди фаолият хусусиятҳои худро дорад, вале онҳо ҳама барои ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-меҳнатии шахсият нигаронида шудааст.

Ин муаллифон дар ин маврид таваҷҷӯҳи асосиро дар тадқиқотҳои худ ба масъалаҳои омодагии хонандагон ба меҳнат равона карда, аз тарафи онҳо роҳҳои инкишофи минъбаъда ва тарбияи меҳнатии мактаббачагон нишон дода шудаанд. Ба ақидаи ин муаллифон, (мо ин мулоҳизаро ҷонибдорӣ менамоем), таъиноти асосии мактаб омӯзонидани меҳнат кардан, ба хислатҳои ҷудонашавандаи одамон табдил додани майлу рағбат ва қабилият ба меҳнати пурсамар ва меҳнатдӯсӣ мебошад. Бидуни ин амал ошкор сохтан ва амалигардонии ҳама гуна қобилият ва эътибор, шахсият, саломатии руҳии ӯ ғайриимкон аст.

Дар низомномаи мактаби милли Ҷумҳурии Тоҷикистондиққати асосӣ ва куллан беҳтар намудани гузориши масъалаи тарбияи меҳнатӣ равона гардида, ҳамчун зиёд кардани соат ба меҳнати истеҳсолии ҷамъиятӣ фоиданоки хонандагон дар назар дошта шудааст. Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми тарбияи меҳнатии хонандагон дар ин санад ба кӯшишҳои дастҷамъонаи мактабҳо, оилаҳо, ҷомеаҳои истеҳсолӣ, васоити ахбори омма, адабиёт ва санъат, кулли ҷамоатчигӣ, дар ин самт омӯзиши минбаъда ва самараноки масъалаҳои мубрами мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ аз тарафи илми педагогикаи мо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст. Дар байни онҳо масъалаҳои тарбияи меҳнати хонандагон, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбанд, мақоми асосӣ даранд. Мутаассифона, то ҳол аксар ҷанбаъҳои назариявии ин проблема ҳалли худро наёфтаанд, бисёр масалаҳои ташкили оқилонаи таълим ва тарбияи меҳнатӣ, меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, интихоби касби хонандагони гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ бо назардошти шароитҳои маҳалли минтақавӣ аз мадди назари муҳаққиқон дур мондаанд. Гузаришба механизатсия ва автоматиконии комплексии протсессҳои истеҳсолот ба аз байн рафтани касбу ихтисосҳои кӯҳна ва пайдоиши шаклҳои нави онҳо мусоидат менамояд, ки харҷҳои зиёди ҷисмонӣ, яъне харҷи меҳнати ҷисмонӣ, ҳамзамон доираи васеи донишҳоро талаб мекунад. Тезонидани пешравиҳои илмӣ-техникӣ педгогҳоро ба ташаккули муттасили ҳисси созмондеҳӣ дар ниҳоди хонандагон, шиносҳоии бештар асосноки онҳо на танҳо бо ахбороти илмии бунёдӣ, балки бо муҳимтарин тамоюлҳо дар рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият шинос менамояд. Бояд гуфт, ки омодаги насли наврас бо фаъолияти меҳнати бояд густарда, илмӣ, асоснок ва сернақша бошад. Хонандагонро зарур аст, ки бо донишҳои амиқу устувори асосҳои улум, маълумоти политехникӣ, малакаҳои амалӣ ва фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи пешаи мушаххас мусаллаҳ бошад. Тибқи чунин талаботҳо, масъалаи ба вуҷуд овардани низоми аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва бисёрнақшаи тарбияи меҳнатии мактаббачагон ба миён меояд, ки ба талаботи раванди таълимӣ ва тарбиявӣ мусоидат намояд.

Гузашта аз ин мо муқаррар намудем, ки меҳнат ба ташаккули на ягон сифати шахсият, на интихобӣ, балки дар як вақт ба тамоми паҳлуҳои шахсият таъсир мерасонад. Тавре ки мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ин ҷо қонуни педагогӣ оид ба робитаи ҳамдигари амал мекунад. Алоқамандона ба он тадқиқотҳои гузаронидаи олимон-педагогҳоро дар ин соҳа ба назар гирифта, зарурати мураттаб сохтани низоми тарбияи меҳнатии мактаббачагон дар шароитҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ фаро расид, ки он қабл аз ҳама бо ташкили Тоҷикистон соҳибистиқлол пайвастагӣ дорад.

Меҳнати таълимӣ дар ҷараёни корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ қисми зиёди вақти хонандагонро гирифта ба ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-меҳнатӣ дар ниҳоди онҳо таъсири амиқ мерасонад, ки ҷои асосиро дар байни онҳо мезнатдустӣ ишғол мекунад.

Натиҷаҳои тазқиқоти мо нишон доданд, ки агар дар ниҳоди хонандагон муносибати мусбат ба таълим, чун ба меҳнат ташаккул ёфта бошад, пас он минбаъд барои гузаштан ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, барои пайванди таълим бо меҳнати истеҳсолӣ, барои таъмини робитаи мактаб бо истеҳсолот чун пойгоҳ хизмат мекунад.

Неъматов Лутфулло – дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ