Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ
“Дар ҷаҳон кам миллате вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди зарбаҳои сахти зиёд, мисли тоҷикон зинда монда бошад. Баъди чунин зарбаҳо барои тоҷикон андак фурсат кофист, ки аз нав эҳё гарданд”.[2]
Олимон, файласуф, муҳаққиқон ва умуман тамоми мардуми бонангу номуси миллати тоҷик имрӯз аз фазои орому зиндагии осоиштаи хеш шукргузорӣ менамоянд. Фарҳангшиноси муосир А.Ҷӯраев бар он ақида аст, ки сарнавишти ҳар як халқу миллат ба зиндагиномаи як фарде шабоҳат дорад. Яъне, ҳар халқу миллат дар масири таърих ба монанди умри ашхосе як давраи мушкилеро паси сар менамояд ва баръакс, рӯзе мешавад, ки ҳамин миллат рӯй ба пешравӣ, рушду нумӯъ ва ҳатто як давраи гул-гул шукуфиро паси сар менамояд. Он гунае, ки кунун бузургон мегӯянд, дар таърихи ҳар халқу миллат, Яздон, дар давоми ҳазорсолаҳо шахсиятҳоеро ба ҳамин халқу миллат эҳдо менамояд, ки тамоми ҳастии хешро дар роҳи ҳастиву мондагор мондани он миллат мебахшад.
Ҳикмат ва фалсафаи бузургтар аз ин вуҷуд дорад, ки миллати тоҷик дар давоми шаш-ҳашт соли мавҷудияти хеш, ба марзу буми ягон давлати дигаре бо кинаву адоват ворид нагардида будааст. Шояд маҳз ҳамин андешаву афкор ва амали неки миллати тоҷик буд, ки имрӯз дар ҷаҳони ноором ва раванди ҷаҳонишавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оромона умр ба сар мебарад, балки бо идея ва ақидаҳои пешқадаму саривақтии худ ҷои худро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян менамояд. Дар ҳақиқат ин шукуҳу шаҳомат, салтанат, дастовардҳои бузург, ки имрӯз миллати тоҷик бо шарофати як инсони наҷиб, Модаршиносу ятимшинос, ҳадяи Худованд барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён, фарди бонангу номус - Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардидааст, аз нияти поку ҷаҳонбинии ҳикматомез, меҳнатқарин ва Худотарсии ин миллат манша мегирад.
Дар ин матлаб шоири шарир Лоиқ овардааст:
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замона
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст...
Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст. [3]
Як хусусияти бениҳоят муҳиме, ки аз 22 Паёми Марди роҳи Худо, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дарк менамоем, ин аст, ки Ҷаноби Олӣ ба хотири мустаҳкаму қавӣ нигоҳ доштани ҳувияти миллати тоҷик беандоза таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Файласуфи муосир И.Ғ.Зиёев., З.И.Зиёева аз яке аз баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дар бобати гиромидошти ҳувияти миллати тоҷик, гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, тафаккури миллӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муррифии шоистаи он ба ҷаҳониён овардааст:
“Масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои
фарҳангӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои
миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд”. [1]
Яъне, гиромидошти мероси гаронбаҳои миллати тоҷик, ҳувият ва тафаккури миллӣ дар мағзу ҷону нерӯи тавонои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки ин иқдом насиби ҳар халқу миллате дар тамаддуни башар нагардидааст.
Агар ба мазмун ва мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳи умумӣ диҳем, Ҷаноби Олӣ зимни суханронии хеш ибтидо аз шукронаи он ки дастони моҳири устоҳои тоҷик бинои Парламентро бо назокати хосае бунёд намудаанд, ифтитоҳ намуда, воқеаҳои таърихӣ аз қабили
- Таҷлили 30- юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол;
- Вазъи ноороми сайёра, нооромӣ дар минтақаҳои гуногуни олам, таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағирёбии иқлим ва амсоли он;
- Ҳадафҳои олии сиёсати дохилӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон - муҳайё намудани зиндагии шоиста ба мардуми тоҷик ва тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Он гунае, ки қаблан зикр намудем, ҳувият, ахлоқи накӯи тоҷикон, дастовардҳои бузурги ниёгон, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва байналмилалӣ пайваста дар таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Ҳукумату мамлакат қарор дорад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боб зикр намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ иқдоми Ҳукумату мамлакат дар ин самт як такони бузурге буд.
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуданд, ки “Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар
18 театр,
50 қасри фарҳанг,
14 мактаби санъат,
126 китобхона,
61 боғи фарҳангу фароғат,
20 осорхона бунёд карда шуд, ки ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд”[1].
Хуб дарк карда мешавад, ки Ҳукумату мамлакат оид ба тамоми самтҳои фаъолияти кишвар бо тамоми ҷузъиёташ таваҷҷӯҳ намуда, барои дарёфти роҳи беҳтарини инкишофи ҳамон самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Мо андеша дорем, ки ҳар як инсони бонангу номуси ватан, ҳар як шахси ватандӯст имрӯз аз дастовардҳои беназири Тоҷикистон шукрона намуда, фаъолияти хешро дар роҳи ободонии меҳани азиз сарф менамояд.
Шукр гўям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон вале,
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.[3]
Лоиқ Шералӣ
Барҳақ, шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар мисраҳои боло барои ҳар як инсони хешташинос, ватандору ватандӯст, дар ҳар давру замон таппиши қалби ўро оид ба оини ватану ватандорӣ барҳақ ба қалам овардааст.
Ҳайитбоева Муқаддас, устоди кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ
Адабиёт:
- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024.
- З.И.Зиёев., И.Ғ.Зиёева. Ахлоқ ва зебоишиносӣ. Душанбе, 2019.
- Л.Шералӣ. Куллиёт.Хуҷанд, 2001.