Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳ ба сӯи сулҳ ва ваҳдат
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ ва ҳалкунанда дар сарнавишти Тоҷикистон шинохта шудааст. Ин иҷлосия дар замони пуршиддат ва сахти давраи ҷанги шаҳрвандӣ баргузор шуда, барои ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои сулҳу субот дар кишвар нақши бунёдӣ бозид.
То замони баргузории Иҷлосияи тақдирсоз Тоҷикистон дар яке аз давраҳои душвори таърихи худ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъди соҳибистиқлолӣ оғоз гардид, боиси талафоти зиёд, вайроншавии инфрасохтор ва бесарусомонии сиёсӣ шуд. Муқовиматҳои дохилӣ миёни гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ кишварро ба ҳолати ногувор расонида буд. Маҳз дар чунин вазъият зарурати баргузории як нишасти фарогир ва ҳалкунанда ба миён омад, ки роҳҳои ҳалли мушкилотро муайян кунад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон нуқтаи гардишӣ буд. Ҳадафи аслӣ ташкили ҳукумати қонунӣ, таъмини сулҳу субот ва ба роҳ мондани муколама миёни тарафҳои муқобил буд. Қарори баргузории иҷлосия дар Қасри Арбоб ҳамчун рамзи ягонагӣ қабул шуд.
Дар ҷараёни иҷлосия якчанд қарорҳои муҳими таърихӣ қабул шуданд:
Интихоби роҳбарияти нав. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, ба ҳайси як сиёсатмадори ҷавон ва боэътимод фаъолиятро оғоз ва барои сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати мондагор анҷом доданд.
Таҳкими қонуният ва давлатдорӣ. Қабули қарорҳо оид ба таъсиси ҳукумати қонунӣ, барқарор кардани тартиботи давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон аз аҳамияти хос бархӯрдор буд.
Оғози музокироти сулҳ. Ин иҷлосия заминаи асосии гуфтушунидҳо миёни тарафҳои даргирро фароҳам овард, ки баъдан ба имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 оварда расонд.
Иҷлосияи XVI дар шароите баргузор гардид, ки ояндаи кишвар зери хатар қарор дошт. Бо вуҷуди душвориҳо, қарорҳои он ба субот ва ҳамгироии миллӣ замина гузоштанд. Бо қабули роҳбарияти нав ва равиши созанда, иҷлосия ба раванди ташаккул ва таҳкими давлати тоҷикон нерӯи тоза бахшид.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки дарси ибрат аз муттаҳидӣ, фидокорӣ ва масъулиятшиносии мардуми тоҷик дар як давраи сахти таърихӣ мебошад. Ҳамчун пояи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, он ба таърихи навини Тоҷикистон мазмуни тоза бахшида, барои рушди устувор ва тараққиёти минбаъдаи кишвар замина фароҳам овард.
Дар ёд доштани аҳамияти ин иҷлосия, таҷлил аз рӯйдодҳои таърихӣ ва омӯзиши дарсҳои он барои наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон як вазифаи муҳим мебошад.
Исмоилова Мафтунахон,
муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума