Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ
Мардуми шарифи тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддуни башарӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мурури замон танзим ва риояи либосҳои миллӣ ба расмият дароварда шудаанд. Вале, ба назар мерасад, ки на ҳама қишри ҷомеа талаботи муқаррароти мазкурро риоя менамоянд.
Фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардааст.
Ба ҳамагон мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд, ки: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Мо бояд ба ин масъали мазкур љиддӣ назар намоем ва ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона бошем. Ва тарбияи онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ равона созем. Дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем.
Шоистаи зикр ва боиси ифтихор аст, ки аз қадим гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд.
Вақте ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз бояд кард, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.
Дар ин радиф дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳимми худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама ваќту давру замон пешравии инкишофу фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавонон, аз ҷумла духтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам боло бардошта, бо либоси зебои миллӣ адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ хешро зебу зиннат диҳанд ва маданияти миллии худро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки хушбахтона, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба ин љиҳати масъалаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошу ибтикори ҳамаљонибаи он кас дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани зебои тоҷикӣ мебошад.
Ногуфта намонем, ки моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар арсаи ҷаҳон маъруф шуд. Гулдузиҳое, ки дар рӯйи нақши он оварда шудаанд, ифодагари мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад.
Либоси миллии дигар, ки атласу адрас аст, имрӯзҳо дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ бонувони тоҷик онро ба бар менамоянд, ки ҳамчун нишони ҳуввияти волои миллати тоҷик мебошад.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо устодон ва тамоми ашхоси тољик дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад.
Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархурдор бошем.
Хулоса, моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему занону бонувону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоему аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем.
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз ёаҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.
Аз маъхазу сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офари¬ниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузош¬таанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи олам¬шумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарват¬мандон ба ҳомиёну сарлашкаро¬ни худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим ме¬намуданд. Шоҳони қадим тово¬ни ҷангро бо матои атлас ме¬пардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.
Ба гуфти ҷуғрофиёшиносон, дар асрҳои IX-X Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона марказҳои маъ¬руфи истеҳсоли матоъҳои пахта¬гину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, кар¬бос, алоча ва чити Хуҷанд, Кони¬бодом, Исфара ва Истаравшан дар сартосари дунё харидорони зиёде доштанд. Ривояте ҳаст, ки атлас¬бофони Хуҷанд ба ҳунармандони Марғилон, ки то асрҳои XVIII-XIX шаҳри тоҷикони Фарғона буда¬аст, сабку услуби бофтани матои пурнақшунигори атласро таълим додаанд. Дар ин макон дар аввали асри XX беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахта¬гиву тибитӣ истеҳсол мекарданд, ки дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Тур¬кия, Қафқоз харидорони зиёд доштанд.
Имрӯз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки солҳои охир корхонаҳои сано¬атии кишвар тавони истеҳсоли молҳои хушсифати бозоргирро надоранд ва аз ин рӯ 90 дарсади маҳсулоти бозорҳои Тоҷикистонро молҳои хориҷӣ ташкил медиҳад ва ин як иллати аслии гаронии нарх дар бозор аст. Дар маҷмуъ матоъ ба бозорҳои Тоҷикистон аз кишварҳои Туркия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин, Корея ва Узбекистон ворид мешавад. Аммо новобаста аз қимат ва сифати маҳсулот аксари бонувон мувофиқ ба имконот ба хотири оростани худ аз онҳо фаровон харидорӣ мекунанд.
Ҳамсуҳбати мо, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Алишер На¬биев дар хусуси афзалиятҳои ли-боси миллӣ боифтихор сухан рон¬да, аз ҷумла чунин гуфт: “Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Ба назари ман, духта¬ракони атласпираҳани тоҷик чун гулҳои баҳорӣ тозаю тар менамо¬янд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифо¬дагари тинҷиву осоиштагӣ мебо¬шанд. Мо - тоҷикон мардуми бодав¬латем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои ар¬зишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба оянда-гон супорем”.
Саида Давлатова, омӯзгор аз шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ара¬фаи ҷашни Наврӯз онҳоро маҷбур мекунанд, ки куртаҳои атласу адрас ба бар намоянд. “Мо бояд ҳамон либосеро ба бар намоем, ки бароямон писанд аст, - изҳор медорад Саида. – Набояд касе ба мо барои пӯшидани либос дастуру супориш диҳад”.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи ат¬ласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набо¬яд дар арафа ва давраи баргузо¬рии иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атла¬су адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба оли¬му омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хо¬нандаи мактаб.
- Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад, - мегӯяд Санавбар Раҷабова, омӯзгори собиқадор аз шаҳри Ваҳдат. - Бовар кунед, он майкачаҳои беостине, ки баъзе «тоҷикони нав» мепӯшанд, ба чеҳраи тоҷикона ва абрувони пайвасти онҳо ҳеҷ намезебад. Вақте ки тариқи моҳвора телевизиони Туркманистонро тамошо мекунам, ба ин мардум аҳсант мехонам. Ҳатто депутатҳо ва вазирҳояшон аз ҷинси латиф дар тан либоси миллӣ доранд. Пас, чаро мо наметавонем чунин бошем? Аз сари минбарҳо мо ориёием, мо сомонием, гуфта лоф мезанем, аммо на забонамонро тоза нигоҳ медорему на урфу ода¬тамонро риоя мекунем, на либоси дуруст мепӯшем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва мода¬ри тоҷик дар ҳама давру замон по¬сдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либо¬си миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо наму¬дан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гул¬басту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алоча¬ву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси мил¬лии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кутоҳи ба тан часпи¬да, доманҳои кутоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шу¬дааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае на¬дошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мар¬думи мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бего¬нагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода на¬мекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва та¬маддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мешавад, ки анвои гуногуни либо¬си миллӣ бо тобиши аврупоӣ – до¬ману блузкаҳои чакан, киманоҳои атлас, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони хориҷиро ҷалб месо¬занд.
Манижа Сафарова, ки солиё¬ни зиёд ба ҳунари хайётӣ машғул аст, андешаҳои худро дар ин мав¬рид чунин баён намуд: “Албатта, ин навовариҳо барои истифодаи умумии ҷомеа имконнопазир аст, зеро дар онҳо нишонаҳои миллӣ бештар дар шакли аврупоӣ инъи¬кос ёфтааст. Ман зуд-зуд шоҳиди он мегардам, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бештар ба ҷӯробҳои бадахшонӣ, чиҳози гулбофту муҳракориҳои онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои кӯлобӣ ва атласи нақшин таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Баъзе аз онҳо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёҳпӯше, ки имрӯз дар кӯчаҳо зиёд ба на¬зар мерасанд, тоҷиканд? Ростӣ, чунин суолҳо касро ба андеша во¬дор месозад. Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони “сиёҳпӯш”, ҳамчунин теъ¬доди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки низ дар шакли тангу кутоҳ ва хеле ношинам либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ниҳоят зиёд шу¬дааст”.
Бояд таъкид сохт, ки дар бароба¬ри ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои боро¬ну хандаи тифлакон ҳамнаво ме¬гардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши муҷалло зери ин навоҳо ба ҷилва меоянд.
Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод на¬созем ва онро ба ояндагон ба ме¬рос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушси-фату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишвар¬ро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин на¬моянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад
Миллати тоҷик, ки таърихи бою қадима ва урфу одатҳои шоиста дорад, дар асри ҷадид толеи басо баланд ба ӯ ёр гардида, таҳти сарварии Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди сиёсати давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба беҳтарин анъанаҳои миллию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пойдории ғояҳои демократии сиёсату давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу навин дар баробари ширкат дар масоили глобалии ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба таҳкими пояҳои миллии урфу одат ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода тадбирҳои муҳим рӯи кор овардааст.
Дар чанд суханрониҳои Пешвои миллат ин маъниҳоро дарёфт кардан мумкин аст, ки фарҳанги миллӣ аз зумраи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва пояи устувори маънавиёт буда, ҳифз ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои муҳими давлат ва тамоми шаҳрвандон маҳсуб меёбад.Аз ҷумла, таъкид гардид, ки солҳои охир таҳти таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар байни занону духтарони тоҷик зуҳуроти тақлидкорӣ ба фарҳанги либоспӯшии бегона ба назар мерасад. Ин тоифа бонувон ба тақлиди кӯркӯрона дода шуда, рукнҳои ислому диндориро на дар ботин, балки дар зоҳири худ ба намоиш гузоштаанд.
Махсусан, ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат комилан дурусттаъкид гардид: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтархотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар асоси тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва пайгирии он аз ҷониби мардуми кишвар зуҳуроти номатлуби солҳои охир – пайравии занону духтарон ба фарҳанги бегона торафт ислоҳва аз байн рафта истодааст. Ба аҳли ҷомеа, махсусан занону духтарон лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодии комилродар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосирро надоштанд. Ҳамзамон, дар ҷодаи интихоби сару либос рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ – пӯшидани навъҳои хушнамуди атласу адрас ва дигар матоъҳои пахтагину абрешимин аз бахти баланди эшон аст, зеро ба симои зани тоҷик беш аз ҳама ҳамин либосҳои миллӣ мезебад.
Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии моинъикос меёбад.
Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои бостоншинохтӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои садаи XIX ва аввали садаи XX гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофиёӣ вобаста буд.
Либоси занон аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин гунаа куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чин-чин дӯхта ме шуд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.
Воқеан таърихи сару либос нишон медиҳад, ки пӯшидани либос хусусияти хоси инсонҳо буда, он аз оғози пайдоиши худ мансубияти ин ё он қавму миллатро вобаста ба арзишҳои фарҳангиашон таҷассум менамояд. Аз ҷамоаи ибтидоӣ ва тадқиқотҳои антропологҳо маълум аст, ки дар аввал инсонҳо пӯсти ҳайвонот ва набототро ҳамчун муҳофизат аз гармову сармо, барфу борон, бахусус ҳангоми муҳоҷирати одамон ба иқлимҳои нав истифода менамуданд. Бо гузашти замон ва рушди тамаддуни башарият либос ва матоҳое, ки аз он либос омода карда мешаванд, ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги башарият ба ҳисоб мераванд.
Ин аст, ки имрӯз дар баробари арзишҳои гуногуни миллӣ, аз қабили расму ойин, анъанаҳои ниёгон, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ либоси миллӣ низ яке аз арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Зеро он дар ҳар давру замон ҳамчун рамзи миллӣ, баёнгари расму ойин шуури зебоипарастии ҳар халқу миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд ва як ҷузъи фарҳанги миллӣ эътироф гардидааст.
Шоистаи зикр аст, ки тули асрҳо либоси миллии халқи тоҷик шукӯҳу шаҳомат ва зебогии худро гум накарда, то рафт бо пешрафти илму техника ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо тарҳи замонавӣ ба худ ҳусни дигар зам намудааст. Бо мурури замон вобаста ба интихоб ва завқи либоспӯшӣ тарроҳон бо тарҳи муосир ва талаботи шароит намудҳои гуногуни либосӣ миллиамонро омода месозанд, боз ҳам ба ҷаҳониён бо шаклҳои зебою шинам муаррифӣ гардида истодааст.
Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, авлавияти хоса дода мешавад. Сарвари давлат вобаста ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани он дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки миллати мо бояд ба расму ойини гузаштагони худ такя намуда, садди роҳи бегонапарастӣ гарданд. Дар ин самт, бахусус ба занону модарон рӯ оварда, таъкид менамоянд, ки «… дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард».
Дар ин маврид, мо занону бонувон ва модарони тоҷикро зарур аст, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, бахусус, дар самти пӯшидани либоси миллӣ фаъол бошем. Зеро, таърихи гузаштагонамон нишон медиҳад, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои неки ниёгон буда, мероси муқаддаси миллиамонро нигоҳ медоштанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.24) қайд намуданд, ки «… ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».
Воқеан ба халқу миллатҳои гуногун назар афканем, ҳар кадоме дар худ рафтору анъанаҳои махсус доранд, ки арзишҳои моддию фарҳангии худро аз насл ба насл мерос гузошта, маҳз тавассути анъанаҳои миллии худ кишвари худро муаррифӣ месозанд. Барои мисол, агар ба мардуми ҳинду назар кунем, онҳо бо либоси миллии худ, ки дар ҷаҳон бо номи “сари” машҳур гардидааст, танҳо мардуми ҳиндуро зеб дода, хоси кадом миллат будани онҳоро инъикос менамояд. Дар Ҷопон бошад, бо либоси миллии “кимано”, дар Арабистон “абая” ва дигар кишварҳо, ки дорои либоси хоси миллии худ мебошанд, дар миқёси ҷаҳон бо азбар кардани либоси миллиашон шинохтан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аслан таърихи фарҳанги либоспӯшии се минтақаи он имрӯз маъмулу мавриди истифода аст, инъикосгари либоси миллии кишвар маҳсуб меёбад. Вақте дар бораи либоси миллиамон андеша мекунем, пеш аз ҳама, атласу адрас ва куртаҳои зебои чакан, ки дар он рангорангии зиндагии мардуми тоҷик тасвир ёфтааст, пеши назар меояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан буда, мардуми минтақаи Хатлон бевосита занону бонувон тоқиҳои гулдӯзӣ ва куртаҳои зебои чаканро ба бар менамоянд. Куртаҳои чакан бо нақшу нигори гуногун ва бо дасти худи занону бонувон рангоранг гулдӯзӣ карда шудаанд, ки ҳар як нақши он дар алоҳидагӣ фалсафаи хоси худро дорад.
М.Бобоева, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров