Истифодаи осори пандуахлоқии намояндагони педагогикаи мардумӣ дар таълим ва тарбияи насли наврас
Дар шароити имрӯзаи иҷтимоӣ- сиёсӣ ва иқтисодӣ-фарҳангии Тоҷикистон - кишваре, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ишғоли мавқеи арзандаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ талош меварзад, проблемаҳои такмили низоми таҳсилот, тарбияи насли наврас ва мушаххасгардонии нақши оила дар ин раванд барои ҷомеа бағоят муҳим аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.
Вобаста ба хусусияти хосси ҳар як давраи таърихӣ, ташаккул ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар низоми фаъолияти ба таълиму тарбия алоқаманд вазифаҳои нав ва баъзан бағоят мураккаб ба миён омада, ниҳодҳои масъули тарбияи насли наврас, аз ҷумла, оила ва масъулони мактабу маорифро водор месозад, ки мутобиқ ба талаботи замон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар тули 33 соли истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила асноди муҳими давлатӣ оид ба ислоҳоти соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому неруи тарбиявии оила ва сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (1993, 2013), Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномавию методиро қабул намуд.
Замони муосир, ки аз давраҳои қаблии таърихи башар бо хусусияти ҷаҳонишавии фарҳангу маориф ва фазои иттилоотӣ тафовут дорад, зарурати ҷустуҷӯ, таҳқиқ ва дарёфти тарзу усулҳои наву такмилёфта ва самараноки таъсиррасонӣ ба шууру андешаи мардум, махсусан, насли наврасро ногузир месозад. Дар ин самт оила ва низоми тарбияи оилавӣ низ истисно нест.
Дар раванди тарбияи насли наврас бояд афкору андеша ва таълимоту консепсияҳои педагогие мавриди истифода қарор гиранд, ки пайванди маънавию ахлоқии наслҳоро гусаста насозанд, дорои моҳияти миллӣ ва дар баробари ин, бо арзишҳои умумибашарӣ робитаи амиқи таърихӣ ва омезиши қавӣ дошта бошанд.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд, ки «Бешак, тамоми осори гаронбаҳои аз ниёгон то ба имрӯз расида асрҳои аср ҳамчун мактаби бузурги таълиму тарбия боқӣ мемонад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба заволи маънавӣ рӯбарӯ гардад.
Бо мурури замон анъанаву суннатҳои ахлоқиву тарбиявӣ аз озмоиши шадиди таърих гузашта, барои тавлиди арзишҳои нави маънавии наслҳои оянда заминаи устувор фароҳам меоранд. Арзишҳое, ки барои давраи мушаххаси таърихӣ қимати бештар доранд, дар натиҷаи интиқол ва омезиш ёфтан бо арзишҳои муосир ва суннату анъанаҳои пешқадами тарбиявии дигар халқу миллатҳо ба вусъати эътибори умумибашарии онҳо мусоидат намуда, боиси ҷолибият ва истифода дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мегардад.
Дар ин самт, «оила ҳамчун интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нигоҳдошти беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад». Аз ин рӯ, бо дарназардошти хусусияти инноватсионии ислоҳоти тамоми зинаҳои таҳсилоти ватанӣ омӯзиши амиқ, арзёбии воқеӣ ва истифодаи эҷодкоронаи афкори таърихию педагогии ниёгон, ки дар он нақши махсуси тарбиявии оила, нақши оила дар ташаккул ва рушди арзишҳои оиладорӣ мавқеи намоён дорад, бағоят муҳим мебошад.
Масъалаи бунёди оилаи солим, нақш ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккул ва рушди арзишҳои оиладорӣ дар осори пурғановати мутафаккирони асрҳои XI-и халқи тоҷик, аз ҷумла, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Кимиёи саодат» ва «Насиҳатул-мулук»-и Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ мавқеи намоён дорад.
Аз ин ҷост, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон асари машҳури Муҳаммад Ғаззолӣ «Кимиёи саодат» бори нахуст соли 2008 ба таври мукаммал бо алифбои кириллии тоҷикӣ баргардон ва дар ду ҷилд аз чоп баромад.
Яке аз дурдонаҳои адабиёти Шарқ «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар афкори педагогии халқи тоҷик дар радифи ҷолибтарин ва пурарзиштарин асарҳои тарбиявию ахлоқӣ қарор дошта, ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, арабӣ, тоторӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ҳамзамон, асари мазкур дар силсилакитобҳои «Китобхонаи мактаб» мавқеи хосса дошта, чандин маротиба нашр ва дастраси хонандагон гардидааст.
Дар байни олимону мутахассисон оид ба сарчашмаҳои ташаккул ва рушди педагогикаи миллӣ, ки заминаи асосии онро афкору андешаҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявии ниёгони халқи тоҷик ташкил медиҳанд, андешаҳои гуногун ба назар мерасад. Муҳаққиқ М. Лутфуллоев панҷ сарчашмаи зерин педагогикаи миллиро муайян намудааст:
1. Педагогикаи этникӣ (этнопедагогика) ва эҷодиёти бадеии шифоҳии мардум.
2. «Авасто» ва пайдоиши забон ва хатти авастоӣ.
3. Хираднома ва пандномаҳои аҳди Сосониён.
4. Дини мубини ислом, «Қуръон»-и карим, ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммад (с) ва асарҳову андарзҳои арбобони машҳури дин.
5. Афкори педагогии намояндагони бузурги адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс. Ҳамин нуқтаро бояд илова намуд, ки сарчашмаи шашум арзишҳои умумиинсониест.
Тавре ки алакай зикр гардид, дар мавриди сарчашмаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди педагогикаи миллии халқи тоҷик мо асосан ақидаи М. Лутфуллоевро ҷонибдорӣ карда, вале бобати сарчашмаҳои асосии ташаккулёбии афкори педагогии мутафаккирони асри XI-и халқи тоҷик ба сарчашмаи 5-ум тағйирот ворид намуда, ҳамзамон ба сифати сарчашмаи 6-ум «арзишҳои умумиинсонӣ»-ро илова кардем. Зеро яке аз омилҳои пойдории тулонии афкории педагогии мутафаккирони халқи тоҷик, аз ҷумла намояндагони асри XI ин ганҷинаи пурқимат ва ҷолибияти он барои дигархалқу миллатҳои олам, пеш аз ҳама, дар мундариҷаи он мавҷуд будани он арзишҳоест, ки барои тамоми бани башар қимати баланди тарбиявию ахлоқиро моликанд. Новобаста аз қавму миллат, калимаву ибораҳои Ватан, Модар, ватандӯстӣ, озодӣ, истиқлол, инсондӯстӣ, раҳму шафқат, бахту саодат, хайру саховат, ишқу муҳаббат, меҳнати ҳалол, дили пок, шарафу номус, ҳалимӣ, адаб, меҳр, садоқату вафодорӣ, сабру таҳаммул, адолату адолатхоҳӣ, лутфу карам, сулҳу субот ва амсоли инҳо арзиши волои маънавӣ доранд. Ҳамзамон калимаву ибораҳои хиёнат ба Ватан, ба Модар, бешарафӣ, беномусӣ, зулму истибдод, ғоратгарӣ, бераҳмӣ, бетарафӣ, мунофиқӣ, коҳилӣ, ҷинояткорӣ, фитнагарӣ, бадхоҳӣ, дуздию қаллобӣ, гурусначашмӣ, бадбинӣ, зӯроварию хушунат ҳамеша, дар тамоми давру замонҳо аз ҷониби аҳли башар маҳкум мешаванд. Бинобар ин, тавре ки муҳаққиқон қайд менамоянд, «ба ахлоқ маҳз аз нигоҳи маънавиёти умумиинсонӣ назар бояд кард».
Барои пайдо шудан, ташаккул ва рушд ёфтани афкори тарбиявӣ ва панду ахлоқӣ омилҳои гуногун – сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маънавиёт, дину мазҳаб, руҳияи давраи мушаххаси таърихӣ таъсири бузург мерасонад. Аммо ба андешаи муҳаққиқон «омили муҳимтарин худи Инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Пеш аз он ки дар ҷомеа ахлоқи ҳамида интишор ёбад, мо бояд мақоми маънавии инсонро дар ҷамъият муайян намоем». Воқеан, Инсон дар ҷомеа бояд мақому мартабаи олиро сазовор бошад. Ҳангоме ки инсон дар ҷомеа танҳо воситаи тавлиди сарватҳои моддӣ аст, ҳаёт, номус ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиш надоранд, ба ӯ ҷабру ситамро раво мебинанд, вайро таҳқир мекунанд, хулоса ҳангоме ки инсон аз мартабаи шоистаи маънавият маҳрум аст, дар ҷомеа номутаносибии ахлоқу маънавиёт ба вуҷуд меояд ва инсон дигар роҳи раҳоӣ аз чунин вазъиятро ёфта наметавонад, вай ноилоҷ хилватгузин, риёкору дурӯғгуӯй мешавад. Чунин вазъият боиси буҳрони шадиди маънавии ҷомеа мегардад.
Пас аз шикасти давлати Сомониён дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон асри XI ҳамчун давраи пурпечутоби таърихӣ, нобасомониҳои дарборӣ, зулму тааддии ҳокимони маҳаллӣ нисбат ба оммаи халқ, вусъати норозигии мардум нисбат ба истибдод ва ҳукмронии бегонагон арзёбӣ мегардад. Ҳаёти илмию адабӣ дар марказҳои бузурги илмию фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон – Бухорову Самарқанд, Ҳироту Исфаҳон ва дигар шаҳрҳо дар қиёс ба давраи Сомониён рӯ ба таназзул ниҳод.
Вале новобаста аз зулму тааддии бегонагон ва ҷабри ҳокимони маҳаллӣ илму адаб ва фарҳанги халқи тоҷик ривоҷу равнақ ёфт, назми классикӣ на танҳо аз инкишоф бознамонд, балки жанрҳои анъанавии он, аз ҷумла, достонҳои дидактикӣ, панду ахлоқӣ, ки дар баробари дигар масъалаҳои иҷтимоию педагогӣ фарогири мавзуи оила ва арзишҳои оиладорӣ буданд, бо сабку хусусиятҳои хосса аз нав эҳё гардида, вусъат ёфтанд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи осори дидактикиву педагогии марҳилаи мазкур асари безаволи Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» ба шумор меравад. Дар асари мазкур масъалаҳои бунёди оила, ташаккули арзишҳои оиладорӣ ба монанди марҳилаи ибтидоии бунёди оилаи солим интихоби ҳамсар, муҳаббату якдигарфаҳмӣ дар оила, ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарии аъзои оила, эҳтироми калонсолону волидайн, саломатӣ ва интихоби шуғли арзанда, илмомӯзӣ ва адаби фарзандон, одоби меҳмондориву меҳмон шудан, сарфаю сариштакорӣ дар оила мавқеи хосса дорад.
Омӯзишу баррасии ҳамаҷонибаву интиқодии осори педагогии Унсурулмаолии Кайковус ва Муҳаммад Ғаззолӣ оид ба тарбияи оилавӣ ва ташаккули арзишҳои оилавӣ имкон медиҳад, ки:
- барои тарбияи ҳисси масъулиятшиносии волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омодасозии онҳо ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ шароитҳои созгори маънавию ахлоқӣ фароҳам оварда шавад;
- дар оилаи муосир барои ташаккули арзишҳои оиладорӣ фазои мусоиди ёрии байниҳамдигарӣ ва якдигарфаҳмӣ фароҳам ояд;
- сатҳи фарҳанги муносибати байниҳамдигарӣ миёни аъзои оила баланд бардошта шавад;
- барои тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон дар оила, ҳисси масъулиятшиносии онҳо нисбат ба бунёди оилаи намунавӣ ва ташаккули арзишҳои оиладории созгори ҷомеаи нави демократию дунявии Тоҷикистон фазои солими равонию педагогӣ фароҳам ояд.
Ҷӯраева Х.Ю.
дотсенти кафедраи Т ва МТО