​Нигоҳи мутафаккирони халқи тоҷик дар бораи тарбияи ахлоқӣ

Ахлоқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ таҷрибаи чандинасраи муносибатҳои одамонро ҷамъбаст мекунад. Вай на танҳо муносибатҳои одамонро ба тартиб медарорад, балки дар ташаккулёбии шахсияти онҳоиштирок намуда, ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзандатарин пояи зиндагист. Он тоҷи бузургест, ки ҳамаро сазовору лоиқ нест. Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Адаб аст, ки нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшанӣ мебахшад, ки касеро сазовор гардида, ҷомеаро солиму намунаи ибрат мегардонад.

Дар бораи ахлоқу адаб ва қадри инсонӣ адибони гузаштаи мо ончунон суханҳои зиёд гуфтаанд, ки наметавонем дар як мақола ҷой диҳем. Мутафаккирони бузурги тоҷик аз устод Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ сар карда, то Садриддин Айнӣ дар рубоӣ, байт, қасидаву ғазалҳои худ оид ба ахлоқи ҳамида андешаҳои ҷолиб гуфтаанд. Дар асарҳои пурғановати бузургон оид ба одоби накў ончунон суханҳои пурмуҳтаво мавҷуд аст, ки барои номбар ва таҳлили онҳо вақт кифоягӣ намекунад.

Ҳанўз аз давраҳои қадим халқи тоҷик соҳиби илм ва фарҳанг буд ва ба ахлоқи накў эҳтиром доштанд. Се асли Авасто: «рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек»- ро агар имрўз сармашқи кори худ созем, пас барои инсони комил шудан кифоя аст. Зеро агар рафтор ва гуфтору пиндор хуб бошад метавон дар ҷамъият касе шуд, ки дигарон аз мо ибрат бигиранд.

Маълум аст, ки пас аз ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна дини исломро дар ин сарзамин паҳн карданд. Мардуми шарафманди тоҷик пас аз қабули он барҳақ ба омўзиш ва тадқиқи дини ҷадид пардохтанд. Халқи бофарҳанги тоҷик дар мактаби ислом фарзандонеро ба монанди Имом Бухорӣ, Имоми Аъзам, Имом Термизӣ дунё овард, ки имрўз тамоми мусалмонони дунё аз онҳо ифтихор доранд.

Дар ин радиф боз шоироне тарбия ёфтаанд, ки дунё мислашонро надида буд. Ба монанди Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Саъдии Шерозиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Абўалӣ ибни Сино ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Султони ғазалсароён Саъдии Шерозӣ оид ба адаб ва хулқи накў суханҳои бисёре гуфтааст. «Гулистон» ва «Бўстон»-и ў пурра ба масъалаи ахлоқ бахшида шудаанд. Ҳикояе аз «Гулистон»-и Саъдӣ оид ба адаб ва ахлоқ меорем ва мебинем, ки Луқмони Ҳаким, ки дорои хулқу одоб ва ахлоқи писандида аст, чӣ гуна ин хислатҳоро соҳиб гашт:

Луқмонро гуфтанд:

– Адаб аз кӣ омўхтӣ?

Гуфт:

–Аз беадабон; ҳарчӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам.

Яъне, аз ҳикоёт бармеояд, ки мо бояд ба олами атроф назар карда, хулқу атвори инсонҳоро наззора карда, хислатҳои бад ва разиларо, ки мавриди тозиёна, танқид қарор мегиранд, парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем, ки соҳиби ахлоқи намунавӣ гардем.

Дар ҷои дигар, Саъдӣ таъкид менамояд, ки одобу ахлоқро бояд аз кўдакӣ оғоз кард, зеро агар дар кўдакӣ инсон аз адаб дур бошад, пас дер хоҳад шуд:

Ҳар ки дар хурдияш адаб накунад,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.

Чўби тарро, чунон ки хоҳӣ, печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

(Фалоҳ: растагорӣ).

Маънии мисра: дар бузургсолӣ растагорӣ аз ў дур шуд, аз растагорӣ бебаҳра гашт. Чўби тарро… шохаи тару тозаро ҳар тавре мехоҳӣ, печу хам тавонӣ дод, аммо чун хушк шуд, ҷуз ба оташ рост нашавад; мақсуд он, ки дигар рост намешавад ва ба дарди сўхтан мехӯрад.

Алломаи машриқзамин Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ он шахсеро, ки дониш дораду одоб надорад мазаммат карда мегўяд:

Обрўи гул зи рангу бўи ўст,

Беадаб берангу бў, беобрўст.

Навҷавонеро чу бинам беадаб,

Рўзи ман торик мегардад чу шаб.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оиди адаб ва хулқи накў мефармояд:

Назди арбоби ҳунар мояи инсон адаб аст,

Лаҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.

Одамизода агар беадаб аст одам нест,

Фарқ мобайни бани одаму ҳайвон адаб аст.

Чанд рўзе дар ин мулки ҷаҳон меҳмонӣ,

Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.

Меъёрҳои одобу ахлоқ тасаввурот ва идеалҳои ба амиқтарин механизмҳои психологии рафтори инсон таъсир бахшида, одамонро ба зоҳир намудани ғайрату ташаббус ва ҷасорату мардонагӣ водор менамояд. Аз ин рў, тарбияи ахлоқӣ аз нахустин қадамҳои ҳаёти бошууронаи инсон хеле барвақт cap мешавад, ки вай ба фаҳми ҳамон ҳақиқате рафта метавонад, ки ин қуллаи маданияти ахлоқии инсоният мебошад.

Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром менамоянд. Инсонро дар ҳаёт дар ҳамаи лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифаҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд.

Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.

Адаб дар анҷуман шамъест фурӯзон, ки далели покизагии мост. Адаб дараҷаи баланди маърифатнокии касро нишон медиҳад.

Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиён ва фарзандони худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд ва ояндаи ҷомеаи солим гарданд:

Имрӯз, ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори накӯ нестанд, аз бузургтарин ҷавҳар–одоби накӯ натавонанд буд, ки нуқсони бузурги ҷомеаи солимин аст. Ин гуна касон дар тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд. Албатта, волидони онҳо пурра ба тарбияи дуруст нагирифтани онҳо гунаҳкоранд.Танҳо муҳити оилавӣ ва муассисаи таълимӣ метавонад тифлро адаб омӯзад. Волидон ғамхори фардои зиндагии фарзандони худ мебошанд, сараввал мехоҳанд ва мекӯшанд, тифлро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва одоби накӯву ояндаи дурахшон ҳидоят намоянд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло далели бузург будани мартабаи шахси боадабанд. Вобаста ба ин, мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре гуфтаанд:

Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,

Чу нуре равшан орои муҳит дар ҳар нафас бошем.

Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,

Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.

Бинобар ин, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарист, ки касро шӯҳратёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст. Ҳам нишоту ҳам хуррамиву ҳам осоиштагиву ҳама бурду бохти ҳаёт насиби каси боадаб аст. Маҳз инсони боадабу бориё метавонад, обрӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату давлат ва қавму қабилаи худ бошад ва зиндагии худро бо осоиштагиву нишоту хуррамӣ бубарад.

Аз ин хотир, аҳли ҷомеа бахусус мо омўзгорон вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо омўзгорон муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб роҳнамун намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядатавваладабандўхтан,

Пасдигаркасроадабомўхтан.

Ҳар як омӯзгор муваззаф аст, ки доир ба мавзўи одобу ахлоқ ва тарбия бо хонандагону донишҷӯён сухан карда, самти тарбияи ахлоқии Консепсияи миллии тарбияро дар амалия татбиқ намуда, иҷрои онро дар раванди таълим ва соатҳои тарбиявию корҳои беруназдарсӣ нишон диҳад.

Дар муҳассилин тарбия намудани сифатҳои ахлоқии инсондўстӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, конститутсия, муносибати одилона ба меҳнат, интизомнокӣ, шарафи шаҳрвандӣ, серталабӣ нисбат ба худ, майлу рағбат ба рўйдодҳои кишвар, фаъолияти иҷтимоӣ, раҳму шавқат, ки зодаи ҷомеаи муосир мебошанд, қиммат ва эътибори калон пайдо кардаанд.

Ёқубов С.Ю.
сармутахассиси шуъбаи идоракунии
сифати таҳсилот, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ