Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ
Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ба шумор рафта, ёдгорие аз аждоди куҳану соҳибмаърифату соҳибтамаддуни мо – тоҷикон мебошад. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани ҳунари дӯзандагии миллӣ дар байни ҷомеа ва бо ин роҳ бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занони хонанишин зиёд шудааст, ки ин боиси қаноатмандиву болидагист.
Тоҷикон бегуфтугӯ, офарандаи мероси бузурги тамаддуни башарият буда, чун миллати шаҳрдор, созандаву бунёдкор ва эҷодгари санъату ҳунар дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Беҳуда нест, ки Роҳи Бузурги Абрешимро чунин номгузорӣ карда буданд, зеро ихтироъкори ин матои нафису зебо маҳз тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд. Матои абрешим ва ҳамчунин атлас бо зебогиву нақшҳояш, бо рангиниву сифати баландаш дар тамоми ақсои олам ном бароварда буд. Ин матоъҳо хеле арзиши гарон доштанду онро танҳо шоҳону вазирон ва ашрофону мансабдорон метавонистанд ба бар кунанд. Ҳатто дар замонҳои қадим товони ҷангро низ бо атласу адрас ё абрешим пардохт мекарданд, маоши маоши ҷанговаронро низ бо ин матоъҳои гаронқадр пардохт мекарданд.
Тибқи маълумотҳои таърихӣ дар асрҳои 9-10 марказҳои машҳури истеҳсоли матоъҳои пахтагину бирешимин Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Хуҷанд ба ҳисоб мерафтанд. Читу алоча, карбосу беқасаб, атласу адрас, кимхобу фарангу моҳут дар саросари олам харидорони зиёд доштанд. Дар аввали асри 20 дар шаҳри Фарғона беш аз 60 намуди матоъҳои пахтагиву пашмӣ, абрешимиву нимабрешимӣистеҳсол шуда, тавассути Роҳи Бузурги Абрешим ба тамоми бозорҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҳам (Эрону Чин, Русия, Туркия, Қафқоз, Ҳиндустон, Рум) интиқол меёфтанд.
Ҳар як миллатро бо либоси миллиаш мешиносанд. Либос ин муаррифгари миллат ва рамзи миллат аст. Аз қадим занони тоҷик либоси атлас ва чаканро ба бар мекарданд. Ҳам дар атлас ва ҳам дар чакан тамоми рангҳои табиат акси худро ёфтаанд. Яъне онҳо рангин буда, рангҳояшон рангҳои тирукамони баҳориро ба хотир оварда, ба ҳусни ҳар бонуи тоҷик як ҳусни дигар зам карда, онҳоро боз ҳам зебою дилкаш ҷилвагар месозанд. Дар навбати худ, мардон низ дар рӯзҳои ид яктаки зебои сафеди бо гулҳои рангин кашидадӯзӣ намудашударо бо шалворҳои пахтагину абрешимин ба тан мегирифтанд, ки ба эшон хело зебанда буда, ба пӯшандагонаш як солориву виқор мебахшид.
Либоспӯшӣ, тарзу намуди он ҳамеша ҳамгун набуда, бо гузашти асрҳову солҳо такомул ва каму беш тағйир ёфта, мувофиқ ба замону асри худ мӯд ва тарзу услуби либоспӯшии хешро дошт, аммо асос як хел боқӣ монд. Бо вуҷуди ҳамаи ин адрасу атлас ва чакан то ба имрӯз маъруфияти худро аз даст надода, то замони мо чунин рангину зебо ва дастрас боқӣ монд.
Имрӯзҳо таассуфовар аст, ки аксар духтарону бонувони тоҷик паси тақлидкорӣ рафта, либоси бегонаву аврупоиро берун аз эътидол либоси рӯзмарраи хеш қарор додаанд. Онҳо тақлид ба фарҳанги аҷнабӣ намуда, либосҳои часпидаву кӯтоҳ ва нимурёну шармовар ба бар мекунанд. Гурӯҳи дигар ҳиҷобу сатр ба бар карда. Баъзан дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр занонеро вомехурем, ки чунон ба либос печидаанд, ки танҳо чашмонашон намудор асту халос. Ба болои ҳамаи ин либосашон ранги сиёҳ дошта, бинандаро тарсу бимнок менамоянд. Шодиовар он аст, ки чанде пештар пеши ин роҳ аз ҷониби сохторҳои алоҳидаи давлат гирифта шуда, хавфи аз байнбарии арзишҳои миллӣ, яъне либоси миллиро нигоҳ дошта, боиси густаришу мустаҳкамгардии фарҳанги миллӣ гашт. Занҳову бонувони мо ҳеҷ гоҳ бешарм набуданд, ҳусну зебогии эшон , либосашон - шарму ҳаё буд. Онҳо либосҳои дарози аз зону поён, эзору шалвор мепӯшиданд, миёнашонро бошад, миёнбандҳои нозуку зебо оро медоданд. Сарашонро рӯймолҳои ҳариру зебо зеб мебахшиданд.
Ҳоло бошад, вазъият чӣ гуна аст? Вазъият ташвишовар аст, зеро насли ҷавони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон карда, шарми худро аз даст додаанд. Ҳамаи ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки фарзандони мо фарҳангу тамаддуни бою қадимаи моро фаромӯш карда, ба фарҳангу тамаддуни ғайр ва бегона назари нек ва илтифот доранд. Аз ин рӯ ҳар чӣ зудтар пеши ин бегонапарастӣ ва хурофотгароии миллати бегона гирифта шавад. Баҳри ин дар тамоми зинаҳои таҳсилот дарси либоспӯшӣ, фарҳанги он, одоби он ва таърихи либосу либоспӯширо омӯзонем. Дар ВАО аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллатамон барномаву сӯҳбатҳо бо коршиносони ин масъала ташкил намоем. Либоси миллиро тавассути озмуну маҳфилҳо ташвиқу тарғиб кунем. Истеҳсоли ватании матоъҳои адрасу атлас ва чаканро зиёд ва босифат намуда, харидории онро барои мардум дастрасу харидоргир созем.
Ҳамчунин коргоҳҳои дӯзандагиеро, бештар намудан лозим аст, ки онҳо бо дӯхти либосҳои миллӣ омехта бо тарзу услуби аврупоӣ, бо воридсозии ҷузъҳои чакану атлас ва тоҷикона сару кор гирифта бошанд. Агар ҳамин кор ба роҳ монда шавад, бонувони сохторҳои давлатӣ низ бо тамоми шавқу завқ ин гуна пероҳанҳои аврупоии симои тоҷикона бахудгирифтаро ба бар мекарданд.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ вақте аз кишвари мо дидан мекунанд, бештар ба растаҳои ҳунарӣ ташриф оварда, аз ҷӯробу тоқиҳои бадахшонӣ, ҷиҳози гулбофиву мӯҳракории онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои кӯлобӣ ва атласу адраси мо харидорӣ мекунанд. Чӣ хуб мешуд, ки агар ҳамаи ин чизҳо на дар раста, балки андому тани моро зеб медоданду ҳамарӯза онҳоро ба бар мекардем.
Биёед, ҳар яки мо бо пӯшидани либоси миллӣ – куртаҳои зебои атласу адрасу чакан, собит созем, ки мо худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллии баланд дошта, ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки боис ба фаромӯшиву беқадрии фарҳангу тамаддуни куҳани бисёрасраи худ гардем. Зиҳӣ миллат, зиҳӣ ҳуввияту худшиносии миллӣ!
Мамурова Машҳурахон – коргузори кафедраи
фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ