Ҷойи ӯ дар дида буда, акнун ба дилҳо рафтааст...
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз реҳлати Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ роҳбари ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ Ҳусейнҷон Юсупов сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд.
Марги Ҳусейнҷон Юсупов на танҳо барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, балки барои аҳли фарҳанг ва маорифчиёни вилоят талафоти гарон аст. Зеро соҳаи маорифу фарҳанг як нафар устод, овозхони маҳбуб, донандаи хуби мусиќии классикӣ ва устоди ҳунар, корманди содиқ ва педагоги асилеро аз даст дод, ки умри худро барои рушди маънавии ҷомеа, инкишофи санъати халќ, бахусус ҳунари овозхонии навин ва таълиму тарбияи фарзандони миллат сарф намудаанд.
Ҳусейнҷон Юсупов дорандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба номи Наим Ҳакимов, узви Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон буда, дар тарбияи шогирдони соҳибном ва ҳирфаӣ саҳми бориз гузоштаанд.
Ҳусейнҷон Юсупов аз зумраи сарояндагони соҳиби сабки хос аз солҳои 80-уми асри гузашта то имрӯз бо суруду оњангҳои ҷаззобашон дар дили мухлисони зиёд ва ҳаводорони таронаҳои дилнишин маскан гузида, сањми арзанда доштанд. Камтар сарояндаеро мешиносем, ки монанди Ҳусейнҷон Юсупов дар баробари истеъдоди эҷодкорӣ ва иҷрокунӣ дар шинохти матни осори адибон мумтоз бошанд.
Шодравон хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 15-уми зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд буда, дастпарвари Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод, ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоњи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданд.
Ҳунарманди мардумии устод Боймуҳаммад Ниёзов дар рушду такомули истеъдод ва ҳунари ин шогирди сазовори худ хидмати беандоза калон доранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҳусейнҷон Юсупов дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар кафедраи мусиқии суннатии тоҷики факултети санъат ҳамчун омӯзгор фаъолият доштанд. Дар як вақт сарварии Ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар зимма доштанд.
Устод дар маҳфилҳои адабиву мусиқӣ, чорабиниҳои хурду бузурги вилоятиву шаҳрӣ ва донишгоҳӣ бо суруду оҳангҳои тозаи худ, ҳамчунин падидаҳои тозаи эҷодии шогирдони зиёдашон баромад мекарданд ва мухлисонашонро ба ҷодаи санъати асил раҳнамун месохтанд. Тайи чанд соли охир дар баробари офаридани сурудҳои нав бар ашъори Камоли Хуҷандӣ сурудҳои зиёд бар матни суханварони муосир Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва дигарон эҷод намуда, ба самъи мухлисонашон расонидаанд. Китоби Ҳусейнҷон Юсупов бо номи “Гулбонги ҷон”фарогири матни сурудҳои эҷодкардаи сароянда беҳтарин армуғон барои дӯстдорони санъат ва ҳунар нашр ва барои хоҳишмандон ҳадя гардида буд. Китоби дигаре бо номи "Шакаристони Камол" дар ҳаммуаллифии Саидумрон Саидов аз чоп баромад, ки он аз 20 ғазали Камол, ки ба нота кашида шудааст, оҳанги ин ҳунарманд буд.
Аз ин рӯ, ҳамкорону шогирдон аз Ҳусейнҷон Юсупов ҳамчун устоди соҳибмактаб ва дорои таҷрибаи муваффақ ном мегиранд.
Дар ин рӯзҳои ғамангез ҳамдардии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ҷиҳати даргузашти Ҳусейнҷон Юсупов ба пайвандону дӯстон ва шогирдони марҳум изҳор мекунем.
Маркази иттилоот ва таҳлил