Аз кӯшиш то дониш
Ин навбат қаҳрамони саҳифаи мо дар бахши “Шогирдони шоиста” Ибодзода Суннатулло – донишҷӯи соли панҷуми факултети физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Соли 2024 барои Суннатулло бо дастовардҳои нек оғоз шуд. Номбурда дар даври шаҳрии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи номинаи физика-астрономия мақоми аввалро соҳиб шуд. Соли гузашта низ ӯ дар ин озмун дар даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мақоми намоёнро ишғол намуда, нуфузи донишгоҳро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардошт. Имсол низ умед аст, ки Сунаттулло дар ин озмун ба пирӯзиҳои назаррас ноил гардида, бовари устодону ҳамдарсони худро бароварда мегардонад.
Суннатулло дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар даври мактабхонӣ ӯ нисбат ба дигар фанҳо ба фанифизика бештар шавқ дошт ва ҳаракат мекард, ки онро пурратар омӯзад. Маҳз ҳамин шавқу рағбат ӯро ба озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” овард.
Ба таъкиди худи Суннатулло, ӯ бовар надошт, ки дар озмуни мазкур ғолиб меояд, чун рақобат дар ин озмун шадид ва сахт буд.
Тавваҷҷуҳи Суннатулло ба илму дониш торафт бештар мегардад, ки кам не. Дар зиндагӣ ӯ ҳаракат ва ҷустуҷӯро калиди муваффақиятҳо медонад. Шуғли дӯстдоштаи Суннатулло китоб хондан ва шоҳмот бозӣ кардан аст.
Даҳҳо ифтихорномаву диплом ва тӯҳфаҳои Суннатулло Ибодзода бозгӯи онанд, ки ӯ хеле серҳаракат ва воқеан ҳам шогирди шоистаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ҳамеша кӯшиш дорад, ки дониши худро таҳким бахшида, лаёқату истеъдодашро баланд бардорад.
Суннатуллоро дар факултет ва донишгоҳ ҳамчун ҷавонписари соҳибистеъдод, ташабусскор, масъулиятшинос ва боғайрат мешиносанду эътироф мекунанд.
Соли 2024-ро Суннатулло барои худ соли рушду пешрафт медонад. Ӯ ҳамзамон дар олимпиадиаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни Муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи сеюм, дар Олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни физика бахшида ба гиромидошти олими бузург А. И. Сино ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.
Сунаттулло ният дорад, ки риштаи магистратураро дар факултети физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давом диҳад ва дар оянда омӯзгори донишгоҳ шавад.
Барои ҳамсолони худ тавсия медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода карда, бештар китоб хонад. Дар баробари ин барои забономӯзӣ бештар аҳамият диҳад.
Маркази иттилоот ва таҳлил