Илм равшангари ҳаёт

30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат натиҷаҳои кори олимонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он низ суханронӣ намуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Олимон мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошем.

Иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошем.

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд.

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Зимни суханрониашон Пешвои миллат изҳор намуданд: “Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад”.Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика Абдураҳимов Диловар Абдусатторович

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ