Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст....
Неъматова Мавлуда Турсуновна, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик, ки дар синни 51-солагӣ ин оламро падруд гуфт, барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров талафоти гарон аст.
Шодравон Неъматова Мавлуда аз ҷумлаи устодони соҳибхираду донишманд маҳсуб ёфта, дар арсаи матншиносӣ ба донишҷӯён дарс медод. Дар донишгоҳ муаллимаи хеле орому одиву хоксор ва бомулоҳизаву батамкин буд ва бо муносибати шоистаи инсониаш байни ҳамкорон обрӯву эътибор дошт.
Неъматова Мавлуда Турсуновна, 16-уми майи соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Соли 1979 дар мактаби № 6 шаҳри Хуҷанд таҳсилашро оғоз намуда, онро соли 1989 ба итмом расонидааст. Соли 1990 ба шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1995 ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 ба сифати лаборанти кафедраи байнифакултавии забон ва адабиёти тоҷик оғоз карда, аз соли 2003 ба ҳайси мудири кабинети адабиёти классикии тоҷик фаъолият бурдааст. Таҳти роҳбарии профессор Абдуманнон Насриддинов дар мавзуи “Аҳвол ва ашъори Шайдои Хуҷандӣ” ба таълифи рисолаи номзадӣ низ шурӯъ карда, онро соли 2010 ба дифоъ расонидааст. Аз соли 2010 ҳамчун муаллимаи кафедраи адабиёти классикии тоҷик кор карда, соли 2012 ҳамчун сармуаллимаи ҳамин кафедра интихоб шуда, то дами вопасини ҳаёт ба сифати дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик фаъолият мебурд.
Мавлудахон Неъматова – аз шогирдони хуби адабиётшиноси зиндаёд Абдулманнони Насриддин буд. Риштаи кораш таърихи адабиёти тоҷик ва мавзуи пажӯҳишияш шоири садаи ХVIII Шайдои Хуҷандӣ буд. Дар ин ришта рисолаи номзадӣ ба дифоъ расонида, ҳамзамон Девон ва гулчини ғазалиёти Шайдоро бо номи “Варақи интихоб” таҳия намуда, чандин мақола дар ин замина таълиф кардааст.
Марҳум ба таври ҷудогона ва ё дар ҳамкорӣ барои донишҷӯён “Таҳлили ҳикоёт аз “Бўстон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ”, “Таҳлили матншиносии осори Шайх Саъдии Шерозӣ (дар асоси матни “Гулистон”)”, “Сафинаи маънӣ” – гулчини абёт аз ашъори суханварони сабки ҳиндӣ, “Таҳлили матни “Бўстон”-и Саъдӣ”, “Раҳнамое ба олами маънӣ”, “Матни классикӣ” – дар асоси матни “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозиро фароҳам овардааст.
Ҷомеи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз даргузашти марҳум андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандон изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.
Равони устод шод, манзили охираташ обод ва ёдаш гиромӣ бод!
Маркази иттилоот ва таҳлил