Нақш ва мақоми донишгоҳ боло меравад

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтанд,аксарияташон ҳамчун муассисаи пешқадам ва дар омода намудани мутахасисони соҳавӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир буда ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад.

Донишгоҳи давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров аз зумраи он муассисаи олии касбие мебошад, ки дар дарозои навдумин соли фаъолият дар тарбияи мутахассисони риштаҳои мухталифи хоҷагии халқ, хоса омӯзгорону олимони барҷаставу варзида саҳми муносиб гузошта меоянд.

Махз хамин Донишгохи давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров буд, ки рохи як чавони дехотие, ки ояндаш мисли туман торик буд, мисли хуршед нур пошид ва мунаввар сохт.

Дар ин боргои илму маърифат мхфилхову мизхои мудаввар, конференсияхои илми-амали, барномахои телевизионе, амал мекарданд. Бо ин хама шукуху шахоматаш рохи на танхо камина балки хазоронро чилои дигар додаву андешаашонро устувор сохтааст.

Хамаи имкониятхтву шароитхое, ки чавобгу ба талаботи бозори чахони аст аз нигох ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомали Рахмон манша мегирад. Чавобан ба ин гамхорихои Пешвои муаззами миллат аз донишчу́ен то профессорону докторони илм хама аз пайи навчуиву навовариянд.

Самараи дакикназариву бедорхобихои устодону донишчуён донишгох натичахои хуби илмиро хам ба бор оварда истодааст.

Донишгохи давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров 52,1% устодону сохибунвон дар 18 факултетхо аз руйи 99 ихтисос дар шуьбаи рузона ва аз руйи 35 ихтисос дар шуьбаи фосилави дарс мегуянд ин харфу ракамхо бо навиштан хел сода аммо бо 24 хазор хулку атвор мутобик шуда онхоро аз зулмат ба адолат баровардан кори сахл нест.

Агар касе, кимутахассиси варзидаи ин ё онсоҳа шавад?Муаллими беҳтарини мактаба бошед? ё хоҳад, ки дониши мукаммали ихтисосиро дар яке аз донишгоҳибонуфузва куҳнатарину азимтарин соҳиб шавад, дари Донишгоҳи давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров бароятон боз аст! Марҳамат ба манзили илму маориф, макони нуру-зиё

Аз ин ру бо бовари комил метавон гуфт, гулхои парваридаи Донишгох давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров хамчун гулбутахои кави шуда бо кадамхои устувор пеш мераванд...

90 - умин солгарди Донишгохи давлатии Худчанд ба номи академик Бобочон Гафуров ба кулли устодон ва донишчуён муборак бошад!

Худо кунад, ки нуфузу мақомат дар ҷомеа боло равад, донишгоҳи ман!

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ - узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хатмкардаи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ