​Тараннуми соҳибистиқлолӣ!

Маъракаи таҷлили ҷашни 30 солагии Иҷлосияитақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар бо тантанаю шаҳомат ҷамъбаст гардидаву шодиву нишоти мардум афзуд. Алалхусус, ифтитоҳи расмии чандин иншоотҳои давлатию фароғатӣ ва ғайра аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пуршукӯҳ ва хотирмон буд.

Аз нав созии осорхонаи қасри овозадори Арбоб ва бунёди боғи "30- солагии Иҷлосияи 16-ум" воқеан фараҳбахшест, ки шаҳодати тамаддуни роҳбарияти олии кишварва қудрати иқтисодӣ - фарҳангии Ватани маҳбубамон мебошад.Хусусан, сайругашти оммавии аҳолӣ дар боғи навбунёди фароғатӣ шаҳодати воқеии сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки ба шаҳрвандони Ватан болу фараҳ мебахшад. Тарҳи хосаи роҳраву гулгаштҳо, фаввораҳо, муҷассамаи Иҷлосияи тақдирсоз бо сабтҳои таъриҳӣ ва диду завқи баланди эстетикии қисмҳои мухталифи ин мавзеи зебою хуррам тараннуми санъати қадимаи миллӣ, тафаккури тамаддунсозу фарҳангсолории миллати куҳантаърихи моро ифода менамояд. Иншооти мазкур таҷассумгари соҳибистиқлолии мамлакати биҳиштосоямон буда, ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ менамояд, ки тоҷикон соҳибватану соҳибмаърифат, ободкору сулҳҷӯ, созандаву соҳибфарҳанги воло мебошад. Итминони комил ҳосил гардид, ки мардуми ояндасоз ҳамеша дар ҷустуҷӯи дастовардҳои нав заҳмат мекашад ва ҳамсоядавлати боэътимоди тавоно аст.

Шукронаи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ намуда дар боғ сайругашт доштани мардум ва руҳияи баланди он, аз нишонаипойдори ва устувории азму иродаи ватандӯстиву меҳанпарастии мардуми озодандеши Тоҷикистон мебошад. Ҳувайдост, ки барои ташаккули мафкураи солими хештаншиносии насли ҷавони кишвар маҷмааи қасри "Арбоб" мавқеи нотакрор дорад.

Дар заминаи баёни фикру андешаҳои зикрёфта пешниҳод менамоям, ки дарсатҳи муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ тамошои дастаҷамъона ва мутташаккилонаи ин мавзеи таърихӣ, ҳамчун пояи устувори сулҳу амонӣ роҳандозӣ гардад. Мутахассисону масъулини дигарро мебояд, ки ҷиҳати таҳияи хатсайрҳои нав барои сайёҳони хориҷию дохилӣ, инъикоси ҳамаи зебоӣ дар васоитҳои ахбори омма, тарғибинавъҳои нави ниҳоли дарахтон, тарҳи зебою нотакрор ваҷабҳаҳои дигар фаъол бошанд. Бигузор тамоми ҷаҳониён бохабар бошанд, ки дар Тоҷикистони мардумаш озодандешу сулҳҷӯ, созандаву ободкор Истиқлоли давлатӣ тараннум дорад, дурнамояш софу дурахшон нурпошӣ менамояд.

Неъматҳои Истиқлоли Ватан абадан пояндаю устувор бодо!

Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ