​Фахриёр: Аз дастовард ҳеҷ гоҳ қонеъ намешавам

Қаҳрамони навбатии бахши “Шогирдони шоиста” аз факултети геоэкологиява туризм аст. Хуҷамбердиев Фахриёр, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, ҷавоне, ки ҳамеша дар талоши илму дониш ва фатҳи қуллаҳои тозаи муваффақият мебошад.

Дастовардҳои номбурда кам нест. Дар мавриди чунин донишҷӯён бо ифтихор метавон гуфт, ки воқеан шогирдони шоистаи донишгоҳанд.

Ин ҷо ба тавримухтасар аз музаффариятҳои ин донишҷӯи фаъоли донишгоҳ ёдовар мегардем, то барои дигар ҷавонон манбаи мотиватсия ва намоди ибрат гарданд.

Хуҷамбердиев Фахриёр соли гузашта дар озмунибайналмиллалӣ таҳти унвони “Ajdodlar mardona ruhi senga yor…” аз рӯи номинаи “Alisher Navoiy-dunyo nigohida”, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, тариқи онлайн иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардид.

Мавсуф иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Илм­-фурӯғи маърифат” низ ҳаст. Давоми соли таҳсили 2021-2022 дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намуда, сазовори мақоми ифтихории чорум ва гардида, бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони “Илм ва инноватсия” қадр гардид.

Фахриёр мегӯяд, ҳеҷ гоҳ аз муваффақият қонеъ намегардад. Баръакс, ҳар як дастовард барои вай масъулияти тоза аст, то беш аз пеш ҳаракат намуда, ба пеш қадамҳои устувортар гузорад.

Форуми илмии донишҷӯёнии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии мамлакат, кт таҳти унвони “Имконияти рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои он” баргузор гардид, барои кашфи истеъдодҳои ҷавоне чун Фахриёр заминаи мусоид фароҳам овард.

Донишҷӯи мо дар Форуми мазкур аз рӯи номинаи “Рӯнамои беҳтарин” иштирок намуда, ба сегонаи беҳтарин ворид ва ғолиб дониста шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қариб озмун ва ё маҳфиле нест, ки дар он Фахриёр иштирок накарда бошад.

Ғолибияти ӯ дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ва озмуни донишгоҳии “Лоиҳаи инноватсионии беҳтарин” бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз рӯи номинатсияи “Рушди деҳот”, “Беҳтарин донандаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Пешвои миллат”, романи “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, романи “Бодпой”-и Холлид Хосейнӣ, романи “Чиҳил қонуни ишқ”-и Алиф Шафақ ва дигар силсилаи асарҳо далели пешсафиву лаёқатмандии Фахриёр аст.

Муҳаббат ба китоб ва мутолиа дар замири ин ҷавони пуртакопӯ ҷо шудааст, ки натиҷаашро мо дар пирӯзиҳои ӯ дар озмунҳои мунтазами садорати Китобхонаи илмии донишгоҳ шоҳид мешавем.

Ин ки давоми ду соли охир дар рейтинги китобхона ҳамчун “Китобхони беҳтарин” мақоми аввалро соҳиб мешавад, аз нақшу ҷойгоҳи китоб дар зиндагии қаҳрамони бахши мо ҳикоят мекунад.

Ба таъкиди худи Фахриёр шиораш дар зиндагӣ мисраъҳои зерин аст:

Касе, ки ҳеҷ кор намекунад, хато намекунад.

Касе, ки аз болои худ кор мекунад, албатта хато мекунад

ва:

Мӯъҷизаҳоро интизор нашав - худ мӯъҷиза бикун!

Мо барои Фахриёр, ки аз шогирдони шоистаи донишгоҳ аст, дар роҳи илм барору пирӯзиҳои навин таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ