​Роғун равшангари роҳи миллат

Роғун, туро мо сохтем!!!

Роғун, ту моро сохтӣ!!!

Бо худ чароғи бахтро афрӯхтӣ, афрохтӣ!

Бунёди ту афсона шуд дар пайкари сарди Замин,

Бар халқи некоини мо таърих хонад офарин.

Бингар, ҳақиқатро чи сон з-афсонаҳо бунёд кард,

Банди ҳазоронсоларо бигсаст, то озод кард.

Ҷон дар хатар мардонавор ӯ пеши дарёро бубаст,

Садҳо тилисми роҳро бо дасти худ танҳо шикаст.

Роғун, ту моро сохтӣ, Роғун туро мо сохтем!

Дар корзорони Ватан ҷону дилу сар бохтем! (Камол Насрулло)

НБО-и Роғун-ободиву сарсабзии имрӯзу фардои меҳан, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва бештар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Сӣ соли таърихи навини миллати тоҷик як давраи басо муҳими таърихӣ буда, дар ин давра мардуми тоҷик ба бузургтарин дастовардҳои муҳими таърихӣ ноил гардиданд. Яке аз дастовардҳои таърихие, ки дар ин давра рӯи кор омад, ин бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад. НБО-и Роғун муҳимтарин иншооти аср буда, рушди иқтисодиёти мамлакат аз ин нерӯгоҳ бастагии ногусастании зиёд дорад. Бо фаъолияти пурраи нерӯгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари саноатӣ табдил ёфта, имконияти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, ки рушди босуботи саноатикунонии мамлакат маҳсуб мешавад, амалӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун таърихи тӯлонӣ дошта, ба давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бархурд дорад. Дар солҳои 70-80-уми қарни гузашта бо назардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва зиёд гардидани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бунёди иншоотҳои нави барқӣ-обӣ ба миён омада, дар ин давра лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар шуъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Гидропроект” таҳия гардид. Мураттабсозии корҳои техникии лоиҳа соли 1974 шурӯъ шуда, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ соли 1987 оғоз гардида, 27-уми декабри ҳамон сол маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Мутаассифона дар давраи фаъолияти ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба анҷом нарасид. Бо барҳам хурдани давалати Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои дар ин иншоот ба анҷомрасида, пурра хароб гардиданд. Бо шарофати истиқлоли давалтиву ваҳдати миллӣ ва ташабусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав шурӯъ гардид. Президенти мамлакат дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, мақсад гузоштанд, ки мустақилона сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сарчашмаҳои молиявии мамлакат роҳандозӣ ва бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад. Дар ин росто бо мақсади ба даст овардани истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани аҳолӣ бо қувваи барқ соли 2008 марҳилаи нави сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардид. Ҳамин тариқ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мардуми бошарафи Тоҷикистон орзӯи ҳар як тоҷикистонӣ ҷомаи амал пушид. Саннаи 16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик санаи хотирмону мондагор нақш баста, дар ин рӯз бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумораи зиёди меҳмонони дохилию хориҷӣ аввалин агрегати ин нерӯгоҳ ба кор дароварда шуд. Ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат-нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва истеҳсоли барқи аввалини он амалӣ гардид”. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано, ки дар чорабинии ифтитоҳӣ иштирок дошт, иброз дошт, ки “Ба кор андохтани агрегати аввали лоиҳаи тақдирсоз тамоман давраи нави рушди гидроиндустрии муосирро дар худ таҷассум мекунад”. Дар партави талошҳои созандаву мондагори Пешвои миллат 9-уми сентябри соли 2019 агрегати дуюми нерӯгоҳ низ дар вазъияти тантанавӣ ба кор дароварда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки аҳамияти бузурги нерӯгоҳи Роғун дар он аст, ки дар сохтмони он зиёда аз 53 ташкилотҳои сохтмонӣ ширкат намуда, аз замони татбиқи ин лоиҳаи калонҳаҷм 13300 нафар муҳандисон ва кормандони техникӣ, меъморон ва дигар мутахассисони дахлдор бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бо ин иқдомҳои наҷибонаву созанда метавон хулоса намуд, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун меваи даврони истиқлол дониста мешавад ва барои кишвари соҳибистиқлоли мо манзалати кохи муҳташами нурро мемонад, ки ба рушди босуръати иқтисодӣ ва бамаротиб беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ