Нерӯгоҳи барқии Роғун дастоварди бузурги миллати тоҷик

Имрӯз миллати тоҷик бо роҳбарии шахси оқилу доно, роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузург, кордону миллатпарвари худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр менамояд. Сарвари давлат барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати худ интихоб намуданд, ки бо татбиқӣ пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳоипешрафтаву тараққикарда мубаддал мегардад.

Бунёди иншооти стратегии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»амалӣ шуда, ҳадаф асосии он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад, ки имрӯзҳо миллати тоҷик ба ин дастоварди бузург расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовории наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмўъ барои пешрафти тамоми соҳаҳоихоҷагии халқи мамлакат заминаимусоид фароҳам меорад. Баъди пурра ба истифода додани нерўгоҳ имкон аст, ки дар Тоҷикистон даҳҳо ва садҳо корхонаҳои хурду бурзурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад, ки мо имрӯзҳо шоҳиди он шуда истодаем.

Бунёди неругоҳи обии барқии Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми Тоҷикистони азиз ва берун аз он ҷой гирифтааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва мехнатдӯсту пурғайрат мебошанд. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад ва душвориву тангиҳои ба сараш омадаро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд. Точикони баору номус имрузхо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиход, Роғунро пурра сохта агрегатҳои боқимондаро ба кор омода карда истодаанд, то ки имрӯз ва ояндаи насли минбаъда дурахшонтар бошад.

Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таъкид намуданд, ки иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри муккааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.

Тибқи нақша ду агрегати неругоҳ ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол ёфтааст. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда истиқлолияти комили энергетикӣ ба даст оварда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардўстонаи худ барои мардуми кишвар ѓамхорӣ менамоянд. Имрўзҳо бо ташаббуси Сарвари Давлат дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо, иншооти гидроэнергетикӣ ва корхонаҳои саноати бунёд шуда истодаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби сарони кишварҳои ҳамсоя ва берун аз он эътирофу борҳо қадршиносӣ кардаанд, ки аз ин ҳар як сокини кишвар бояд фахр намояд.

Бо пешниҳод ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 эълон кардани “Солҳои 2022-2026 рушди саноат” ин аз истифодаи пурсамари барқи истеҳсолшавандаи ватанӣ дар неругоҳҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда мебошад. Истифодаи барқи истеҳсолшаванда дар корхонаҳои саноатии ватанӣ баҳри некӯаҳволии мардум равона гашта сатҳи камбизоатиро то рафт поён менамояд.

Ин омил имконият медиҳад, ки даромади миёнаи аҳоли зиёд гашта ва онҳо баҳри ободии ватани азизамон кӯшишу ғайрати худро якчанд маротиба афзун намоянд.

Хулоса истифодаи пурраи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ва рушди саноат имконият фароҳам оварда сатҳу сифати зиндагии мардумро якчанд маротиба беҳтар менамояд ва Тоҷикистони азизро ба яке аз ҷумҳуриҳои пешрафта нисбат ба ҳама самт мубаддал менамояд.

Пулотов П.Р. – декани факултети физикаю техника, н. и. х., дотсент,

Умаров Н.Н. – мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт, н. и. ф.-м., дотсент.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ