Ҷавони пуртакопӯ ва ошиқи илму дониш
Ҷавонони муваффақ ва донову босавод дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кам нестанд. Ҳоло мо аз қаҳрамони дигаре бароятон нақл мекунем, ки ӯ низ маҳорат ва истеъдоди нотакрор дорад. Ҷавоҳир Ашӯров магистранти факултети филологияи тоҷик мебошад. Ин ҷавони хушсалиқа, донишманду соҳибзавқҶавоҳир Ашуров соли 2020 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” иштирок намуда, дар сатҳи ҷумҳуриявӣҷойи дуюм ва дар вилоят ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷавоҳир Ашӯров зодаи деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич мебошад. Мавсуф хоҳиши рӯзноманигор шуданро дошт, аммо меҳри назм ва осори гаронбаҳои адибони классикии форсу тоҷик ӯро ба дунёи шеъру сухан бурд. Бо ҳамин пас аз хатми мактаби деҳа соли 2018 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Дар тӯли чор соли таҳсил бо одобу рафтори намунавӣ ва дониши баланди худ таваҷҷӯҳи ҳамкурсону устодонро ба худ ҷалб намуд.
Ҷавоҳир китобҳои зиёдеро мутолиа кардааст, ба гуфти худи ӯ бештар ба назм майл ва рағбати зиёд дорад. Мегӯяд он ҳиссиёти зебое, ки аз шеъру ғазал мегирад, дар чизи дигаре пайдо намекунад.
Ҷавоҳир Ашӯров на танҳо иштирокчӣ ва голиби озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...” аст, ӯ инчунин дар озмунҳои “Рӯдакихони беҳтарин” “Ошиқони шеъри Фарзона” ва “Мавлавихони беҳтарин” ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гаштааст. Баробари ин қаҳрамони мо маҳорати баланди ровигӣ дорад, ки дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳиву вилоятӣ ба ҳайси ровӣ даъват мешавад.
Ҷавоҳир Ашӯров баъд аз дохил шудан ба магистратура аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст ва феълан ҷиҳати ҳимояи марзу буми Ватан хидмат дорад.
Мо умед бар он мебандем, ки Ҷавоҳир Ашӯров минбаъд низ дар роҳи интихобнамудаи худ сарбаланду муваффақмегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил