​Майдони сулҳу дўстӣ низ матбуот аст!

Дар ҳақиқат, нақши воситаҳои ахбори омма – матбуот дар ҳаёти ҷомеаи муосир беандоза бузург аст. Дар давраи истиқлолият 11 март ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо бо воситаи саҳифаҳои матбуоти даври бояд фарҳанг и ва тамаддунсоз будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Вазифаи асосии матбуоти тоҷик бояд сипарибоэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлати халқи тоҷик бошад.

Матбуот якҷо бо аҳли ҷомеа метавонад дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе гурӯҳу ашхоси ноогоҳ, дар замири насли имрӯза ҷой додани ҳисси баланди ватандоию ватанхоҳӣ саҳми арзанда гузоранд. Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар шаҳрчаи Когони назди Бухоро бо ташаббуси ҷавонбухориён Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷи ²аким бо дастгирии консулгарии Россия дар Бухоро аз 11-уми марти соли 1912 сар карда, “Бухорои шариф” аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар ҳафтае 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст.Пас аз он дар шҳри Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маҷаллаи “Ойина” ва рўзномаи “Самарқанд”-ро таъсис дод, ки ҳарду бо забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ нашр шудаанд.Яке аз журналистони асосии ин нашрияҳо СаидризоАлизода буд.

Дар таърих аввалин матбуот, таърихи таъсисёбии газета- рўзнома ба қарни 11 то мелод рост меоят. Аввалин газетаҳо дар Рими қадим ба табъ расидаанд. Харчанд онҳо дар намуд ба маводи нашрии муосир монанд набуданд. Вале рисолаташон паҳн намудани иттилоот, яъне хабар буд. Ин қабл газетаҳо дар ибтидо хусусияти ѓайрирасмӣ доштанд, баъдтар бо амри ҳокими давр Юлий Сезар воқеа ва навигариҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла маърўзаҳои расмӣ, ҳисоботи давлатдорон низ даронҳо ҷой дода мешуданд.Аввалин рўзнома (ба маънии ҳақиқии имрўза) бо номи “Навини пойтахт” 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рўзномаи ҷаҳон “Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад.

Танҳо дар асри ХУ1 шакли худро дигар намуд, он аллакай ба табъ мерасид. Вожаи “газета” аз номи тангаи итолиёвӣ “госети” айдо шуда ва маҳз дар Венетсия нахустин марказҳо оид ба ҷамъоварии ахбор, агентиҳои иттилоотӣ ва пешаи журналистӣ – рўзноманигорӣ пайдо шудааст.

Пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ дар таърихи матбуот таконе(инқилоб-револютсия) ба амал омад, ки маводи таъбу нашр бартарият пайдо кунаду теъдоди газетаҳо зиёд гарданд. Дар Россия аввалин газетаҳо дастӣ бономи “Варақаҳои иттилоотӣ”ба табъ мерасиданд. Нахустин газета дар давраи Пётри 1, соли 1702 чоп шуд ва он “Ведомости” унвон дошт. Матбуоти тоҷик, журналистикаи тоҷик баъди ишѓоли Осиёи Миёна аз ҷониби Россия пайдо шуд. Дар зумраи аввалин нашрияҳо “Туркестанские ведомости”, “Русский Туркестан”, “Самарқанд” (аввалин мақолаҳои Маев, Бартольд, Андреев) ҳам буданд. Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки вай бо забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ўзбекӣ, қирѓизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд.

Рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷадидон ба вуҷуд омад. Ба ин гурўҳ нашрияҳои “Оина”, “Тӯрон”, “Хуршед”, “Туҷҷор”, “Шуҳрат”, “Азия”, Наҷот”, “Иршод”, “Вақт” ҳам дохил мешуданд, ки матни тоҷикии онҳо шеър буд. Матбуоти тоҷик дар солҳои ҳокимияти совети ҳаматарафа инкишоф ёфт. Соли 1925 рӯзномаи ”Иди тоҷик” имрӯза “Ҷумҳурият” нашр карда шуд ва сонитар дигар рӯзномаюмаҷаллаҳо таъсис ёфт. Нависандаи маъруфи тоҷик С.Айнӣ рўзномаи “Ҷумҳурият”ро «Модари матбуотитоҷик номидааст». Соли 1991 дар кишвари мо 139 рӯзнома ва маҷаллаҳои аз он 4 хусусӣнашр шуда бошад,имрӯзҳо– 621 рӯзнома ва маҷалла фаъолият мебарад, аз инҳо371 рӯзнома (109 давлатӣ, 262 хусусӣ), 243 маҷаллаҳо (113 давлатӣ,130 хусусӣ), ùайр аз он313 матбаа-типография(36 давлатӣ, 277 хусусӣ),45 нуқтаи фуруши китоб (3 давлатӣ, 42 хусусӣ),71 нашрия (10 давлатӣ, 61 хусусӣ), 11 агенти ахбор (1 давлатӣ, 10 хусусӣ) барои нашр, пахн ва инкишофи матбуоти тоҷик ёрии амали мерасонад. ²ар яке онҳо дар ҳаёти мо мавқеъи мақоми илми худро дорад, бе матбуот зиндаги кардан мушкул аст дар замони печитоб.

Мазмун ва моҳияти ҳар як рӯзнома дар эпиграфҳоаш мухтасар баён карда шудааст. Матбуот талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши кишвар, дастовардҳои арзандаи халқи тоҷик ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, истиқлолият, чаҳор ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, муносибатҳои байналмилалиро васеъ инъикос намояд, камбудиҳоро ошкор намоянд.Дар он вақт ба талоботи замони муосир ҷавобгӯ шуда метавонад. Матбуот мактаби ҳаёт ҳам ҳаст. Майдони фаъолияти илмии ман, майдони муборизаи ман барои умдатарин идеалҳои инсонӣ аст.Тамоми кормандони матбуотро бо рӯзи касбиашон табрик намуда, ба фаъолияти онҳо комёбиҳо орзумандам! Матбуот – оинаи ҳаррўзаи ҳамаи ҷомеаи пешқадам аст, иттилоот–хабари хабарчии тамоми навгариҳо дунёаст. Бо шавқ мутолиа мекунамрўзномаҳоро ва иди калони матбуоти тоҷикро ботантана истиқбол менамоем. Имрўзмайдони сулҳу дўстӣ низ матбуот аст.

Сафар Абдулхайрович Эркаев- узви Иттифоқи рӯзноманигорони ҶТ, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.¬афуров.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ