​Хронологияи таърихи Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( ба муносибати 30 - солагӣ)​

Иҷлосияи тақдирсоз (даъвати дувоздаҳум), ки бо мақсади барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, Қасри таърихии Арбоб даъват шуда буд, баъди баҳсу мунозираҳо роҳи оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндаи некро кушод. Дар Иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Зимни нахустбаромади худ Сарвари тозаинтихоби кишвар гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Чун ба ин суханони Сарвари давлат аз мавқеи имрўз ва раванди воқеаву рӯйдодҳои зиндагӣ назар меафканем. бо ифтихор таъкид менамоем, ки суханронӣ ва фаъолияти амалии Президенти кишвар дар ин Иҷлосия ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ин сарвари онвақта ҷавону дурбин бештар намуд.

Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимои ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд». Дар асоси татқиқи васеъ ва ҳаматарафа давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси ба ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои таърихии иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хронологияи иҷлосияи тақдирсозро ба се давра тақсим кардан мумкин аст: (1991-1992, 1992-1997 ва 1997 то ҳозира).

Хронологияи таърихии иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси омўзиш ва таьлили ҳаматарафаи давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиётҳо, маводҳои ҳуҷҷатӣ, воқеаҳои таърихӣ хронологияи Иҷлосияи тақдирсозро тартиб додем.

1.1991-9 сентябри соли 1991- Қабули Деклоратсия-Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. 24 ноябр- интихобиПрезиденти ҶТ (Р.Набиев)

2.1992 – 2 март қабули ҶТ ба СММ, 10 май ташкил шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ, сентябр- ташкил шудани Фронти халқии ҶТ 16 ноябр – 2 декабр соли 1992- Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани пеши ҷанги граҷданц, барқарор намудани ҳокимияти қонунӣдар мамлакат. Интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шўрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, Ваҳдати Миллӣ, Форуми аввали (1) тоҷикони ҷаҳон.

1.1993 - 23 февралдар асосии Фронти халыц Артиши миллии ҶТ ташкил карда шуд, 25 май- имзо шудани Шартномаи дўстӣ, ҳамкорӣ, ёрии ҳарбӣ-иқтисодӣ ва муҳофизати сарҳади байниРоссия ва Тоҷикистон, 30-сентябр- баромади аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми СММ (Ню-Йорк).

4. 1994 - 5 апрел сар шудани мулоқотҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО-ММТ), 5 сентябр- ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 1000-солагии «Шаҳнома»-и А. Фирдавсӣ, 6 ноябр- қабули Конститутсияи ҶТ соҳибисқтилол ва интихоби ПрезидентиҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар асоси референдум-райъпурсии умумиҳалқӣ, 16 декабр ташкил карда шудани миссияи назоратии СММ дар ҶТ.

5. 1995 - 26 феврал- гузаронидани аввалин интихобот ба Мажлисҳои маҳаллию Олӣ 4 сентябр- 680-солагииМирсаид Алии Ҳамадонц, 9 октябр – Фармони Президенти ҶТ «Дар барои таысими 50 ҳазор га замин барои деҳқонон» .

6. 1996 - 9 март Ташкил шудани Шўрои Ҷамъиятии ҶТ, 26 апрел ташкил карда шудани Ташкилоти Ҳамкории Шанхай (Форуми Шанхай, ТҲШ-СОШ),сентябр -675-солагии Камоли Хужандц.

7. 1997 - 14 апрел Фармони Президенти ҶТ «Дар барои 1100-солагии давлати Сомониён», 27 июн- Имзо гузаштани Созишномаи умумимиллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон (Москва), 7 июл- ташкил шудани Комиссияи Муросови миллӣ.

8. 1998 - 28 декабр 90- солагии академик Б.Ғафуров

9. 1999 - 30 сентябр аввалин бор Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси 18-уми Иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намудаанд, сентябр- ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, 6 ноябр-интихоботи Президенти ҶТ. Эмомалӣ Раҳмон ба мўҳлати нав боз Президент интихоб мешаванд.

10. 2000 - 2700-солагии «Авесто», 60-солагии вилояти Ленинобод, 26 октябр-эълон намудани пули миллӣ «сомонӣ», эълон намудани Соли байналмилалии Сулҳ.

11. 2001 - 9 сентябр Ҷашни 10-солагии Истиқлолияти ҶТ

12. 2002 - сентябр Ҷашни 2500-солагии Истаравшан

13. 2003 – эълон намудани Соли байналмилалии Оби тозаи нўшокӣ.

14. 2004 - 6 ноябр 10-солагии Конститутсияи ҶТ

15. 2005 - Эълон намудани Соли саломатӣ, солҳои 2005-2015 «Об барои ҳаёт».

16. 2006 -1000 – солагии Н.Хисрав,10-солагии ШўроиҶамъиятии ҶТ.

17. 2007 -2700-солагии Ҷалолуддини Румӣ, 15-солагии Иҷлосияи ХУ1 ШО ҶТ, 90-солагии Инқилоби Бузурги Сотсиалисти Октябр, 10-солагии Ваҳдат. Кабули Конуни ҶТ «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ»

18. 2008 - 1150-солагии АбуАбдуллоҳи Рудакӣ.

19. 2009 -1310-солагӣ ва соли Имоми Аъзам, 85-солагии ҶМШС Тоҷикистон, 80-солагии ҶШС Тоҷикистон.

20. 2010 – эълон намудани Соли маориф ва фарҳангӣ техникӣ.

21. 2011 - 20-солагии истиқлолияти ҶТ, 15-солагии ШўроиҶамъиятӣ, Кабули Қонуни ҶТ «Дар барои масъулияти падару модар дар таълимиу тарбияи фарзанд»

22. 2012 - Соли байналмилалии «Дипломатияи об», 20-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶТ, 15-солагии Ваҳдати Миллӣ.

23.2013 – Интиҳоби Президенти ҶТ, 20-солагии Артиши Миллӣ.

24.2014-20 –солагии Конститутсияи ҶТ, 600-солагии А.Ҷомӣ

25.2015- Интиҳобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҳаллӣ, 3000-солагии Ҳисор. Қабули Қонун «Дар барои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат», эълон намдани «соли 2015-соли оила»

26.2016- 25-солагии Истиқлолияти ҶТ, Тағироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, 20-солагии Шўрои Ҷамъияти. 100-солагии Шўриши Хужанд ва Осиёи Миёна, 150-солагии ҳамроҳшавии ш.Хужанд ба Россия. Аввалин бор дар таърихи ҷаҳон ва Тоҷикистон дар ш.Хужанд «Карвони Наврўз» гузаронида шуд, эълон шудани «соли 2017-соли ҷавонон».

27.2017- 26-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олиива Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии ваҳдати миллӣ, 85-солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 100-солагии Инқилоби Сотсиалистии Октябри Кабир, 100-солагии китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ, 100-солагииташкилёбии Милитсияи тоҷик, эълон шудани «Соли 2018 Рушдисайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» .

28.2018. «2018-2028- Об барои рушти устувор», қабули Ҳадафи чоруми –саноатикунонии босуръат кишвар, эълон намудан озмунҳои қаблӣ «Тоҷиктон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», эълон шудани «Солҳои 2019-2021- Рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» в

29.2019. солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд,

30.2020. Интиҳобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҳаллӣ, 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, интихоботи Президенти кишвар баргузор гардид.

31.2021.30-солагии Истиқлолияти сиёсии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон намудани озмуни зери унвони «Илм-фурўғи маърифат», 20-солагии ТҲШ(ШОС), эълон намудани соли «2025-соли муҳофизати пиряхҳо».

32.2022. 30- солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии ваҳдати миллӣ, 90-солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 105-солагииИнқилоби Сотсиалистии Октябри Кабир, 105-солагии китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ, 105-солагии ташкилёбии Милитсияи тоҷик,

Хулоса, аз ин иборат, ки Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр – 2 декабри соли 1992) дар шаҳри қадимаи халқи тоҷик, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳони Хуҷанд, қасри Арбоб баргузор гардида, дар давоми 18 рўз шабу рўзсамаранок кор карда, дар он аз 230 вакилони мардуми 197 нафар иштирок карданд ва 23 масъалаи муҳимизамон дартартиби кори тасдиқ шуда бошад ҳам, зиёда аз 30 масъалаҳои аҳамияти таърихию байналмилалӣ дошта мавриди муҳокима гардида, қариб 90 қарор ва ҳуҷҷатҳо қабул карда шуд(6 фармон,15 қонун, 54 қарор, 1 изхорот-74) . Дар рафти сессияи тақдирсоз Сарвари давлат Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тҷикистон вакили мардуми аз вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмон, муовинони Раис интиҳоб шуда, Сарвазир, ҷонишинони сарвазир, 21 вазир, 8 раиси кумитаҳо таъйин карда шуд. Яъни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман эълон карда шуда бошад ҳам, амалӣ гардидади он аз Иҷлосияи ХУ1 шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва он аҳамияти калони таърихию байналхалқӣ ва аз ҷиҳати омўзиши таърихи иҷлосияи тақдирсоз аҳамияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Барои бомуваффақият баргузор гардидади Иҷлосияи тақдирсози миллат зиёда аз 500 нафар мардум (вакилани мардуми, раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, меҳмонони хориҷӣ, рўзноманигорони Ватанию хориҷӣ, арбобони боҳурмати давлатию ҷамъиятӣ, хизматчиёни гуногун, кормандони ташкилотҳои ҳифзи қудратӣ ва дигарон) хизмати софдилона намудаанд ва ғайр аз ин барои муҳофизаи рафти Иҷлосия ҳизматчиёни ҳарбии мамлакатҳои ИДМ ва Россия иштирок карда буданд. Иҷлосияи тақдирсози миллат ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ-умумҷаҳонӣ доранд.

Эркаев Сафар Абдулхайрович-дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ