​Рӯҳияи созанда!

Дар ҷараёни тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пай бурдам, ки насли ҷавони имрӯза бо камоли эҳтиром, бодиққат, зиракона ва дарки масъулият суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро шунида рӯҳияи идонаю пурифтихор аз ватандориро ҳувайдо намуданд. Алалхусус, таъкид ба мавқеи ҷавонон дар рушди минбаъдаи кишвар аз ҷониби онон бо дарки масъулиятшиносӣ қабул гардид, ки метавон аз эҳсосоти ҷавонон мушоҳида кард. Ҳангоме, ки дар ҷараёни ироаи ПаёмПешвои муаззами миллат дар бораи сиёсати берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда қазияи Афғонистони ҳамсоя ва хавфу хатари ҳаракатҳои террористию ифротгароро ба ҳаёти ҷомеа ифшо мекарданд, дар симои ҷавонон ҳаяҷону ҳушёрӣинъикос мегардид. Намудор буд, ки муносибати дилсӯзонаю ғамхорона ва падаронаи Пешвои мӯътабарамонро ҷавонон эҳсос менамоянду ҳисси ватандӯстиву ғурури миллии онҳо баланд меравад.

Хизмати содиқона ба Ватан, ҳушёру зирак будан дар муқовимат бо нерӯҳои ифротгаро, омодагӣ ба ҳаёти созанда ва андешаҳои хирадмандонаи дигари сарвари давлатро насли ҷавон хеле бодиққатии том шунида ифтихор менамоянд, ки дар чунин Ватани маҳбуби орому осуда зиндагонӣ доранд. Падидор буд, ки насли ҷавон масъулияти худро дар ҷомеа хуб дарк карда истодаанд ва дар оянда баҳри татбиқи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор хоҳанд гузошт. Дар хотимаи тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат аксарияти ҷавонон бевосита дар толор нисбат ба ояндаи давлат ва мавқеи худ дар ҷомеа бо рӯҳбаландиву эҳсосоти тоза бо якдигар баҳсу мунозира менамуданд. Итминон меравад, ки чунин ҷамъомадҳо барои ҷавонон хеле муфид асту дар ташаккули мафкураи солим нақши муҳим дорад.

Зарур шуморида мешавад, ки бо сабаби камтаҷрибагии ҷавонон насли калонсоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа, хусусан зиёиён мебояд мазмуну моҳияти нуқтаҳои хосаи Паёми тақдирсозросоддаву возеҳ ба насли ҷавон фаҳмонанд. Бинобар ин, ташкилу баргузории маҳфилу семинарҳо, конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои дигари оммавӣ ҷиҳати фаҳмонидани ҳамаи маънои Паём, алалхусус барои ҷавонон амали зарурӣ мебошад ва ҳар фарди соҳибдилу соҳибватан ва солимақли Ватан вазифадор аст, ки дар тарғибу ташвиқи мӯҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат мавқеи фаъоли созандаро ишғол намояд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ