Пояи давлат намонад бе мориф устувор…

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-уми декабри соли 2021 ироа гардид, ба мо – омӯзгорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Сарвари давлат дар ироаи хеш аз дастовардҳои соли 2021 дар муқоиса бо чанд соли охир, рушди иқтисодиёти кишварро ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи матлуб таъмингардида ҳисобид. Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи худ қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишварро мавриди таҳлил қарор дода, аз бурду бохт ва тараққию таназзули онҳо сухан ронданд.

Корҳои неки соҳибкорони баномуси миллат боиси муҳайё шудани шароити беҳтари таҳсил барои фарзандони миллат гардида, дар рушду такомули соҳаи маориф такони ҷиддӣ мебахшанд. Кошки соҳибкорони дигари кишварамон ҳам аз чунин фардони миллатдӯсту хайрхоҳ ибрат гиранду барои маърифатнок гардидани фарзандони миллати худ шароитҳои мусоид фароҳам оваранд.

Президенти мамлакат дар Паёми хеш аз ҷумла иброз намуданд, ки “Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла ба мо – омӯзгорон дастур доданд, ки сатҳу сифати таълимро дар тамоми зинаҳои таҳсилот баландтар бардорем, назорати дарсазхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонем, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ ҷалб намоем ва қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем.

Ин амр мо – омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи шогирдони хеш бепарвоӣ зоҳир накарда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ҷаҳду талош варзида, онҳоро ба олимпиадаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ омода намоем.

Сарвари давлат ба омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем”. Зимнан иброз медорам, ки ҳар як фарди забономӯз бояд аввал забони модарии худро нек донад ва пасон дар муқоиса бо забони модарӣ ӯ метавонад дигар забонҳоро низ аз худ намояд.

Шоир Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ ҳам ба ин нукта ишора карда, барҳақ гуфтааст:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Масъалаи дигаре, ки солҳо боз мо – омӯзгоронро ба ташвиш овардааст, ин дур мондани ҷавонону наврасон аз мутолиаи китоб мебошад. Ҳамин нуктаро ба назар гирифта Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба роҳ монда шавад. Роҳандозӣ намудани озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз чораҳои муҳими рафъи бесаводӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.

Инчунин аз Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат иттилоъ ёфтем, ки чанде пештар Конфронси генералии ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд, яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

Дар як мақола мо ба тамоми паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат дахл накарда, мутолиаи ҷиддии онро ба хонандаи гиромӣ ҳавола месозем ва боварӣ дорем, ки Паёми мазкур дастури рӯимизии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Мо – кормандони соҳаи маориф дар амалисозии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бояд доимо пешгоми ҷомеа ва дар фаҳмондану амалисозии нуктаҳои муҳими он ҳамеша саҳмгузор бошем. Ҳамчунин дар анҷоми мақолаи хеш гуфтаниям, ки рӯ ба мактабу маориф овардан ин роҳи халосии ҷомеа аз тамоми буҳронҳост. Шоире муҳиммияти маорифро барои пойдории давлат дарк намуда, барҳақ фармудааст:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Шарипова М.З.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ