Паёми Пешвоимиллат – раҳнамои маорифпарварон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ироа гардид, ки миллати тамадунофари тоҷик дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнвораҳои таърихиро паиҳам ҷашн мегирифтанд. Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳоро таҳлил намуд ва шахсони масъулро дар ин самт муаззаф гардонид. Аз ҷумла соҳаи маориф, ки Ҷаноби Олӣ дар сиёсати пешгирифтаи хеш дар мадди аввал гузоштааст. Ин ҳама аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи ӯ дарак медиҳад. Дар ҳар як баромадашон такя ба насли наврасу ҷавонон намуда барои омӯхтани донишҳои замони муосир диққати махсус медиҳад. Паёми навбатӣ мо маорифчиёнро бори дигар муаззаф гардонид, ки баҳри таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон аз бар кардани донишҳо, аз ҷумла донистани забонҳои русию англисӣ, доштани донишҳои муосири иттилоотӣ, иноватсионӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, дарёфти ҷавонони боистеъдод кушиш ба харҷ диҳем.

Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.

Пешвои миллат дар сиёсати давлатии худ ободкориву созандагиро дар мадди аввал гузоштаанд. Татбиқи се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат вазъи иҷтисодиву иҷтимоии кишварро куллан дигар намуд

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

Ҳукумати кишвар ба рушди таълим, тарбия ва таълими насли наврас пайваста аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёрсаҳме дар пешрафти меҳнати худ гузорад

Мо маорифчиён шукрона аз давлати биҳиштосоямон намуда Паёми навбатиро сармашқи кори хеш намуда аз паи ислоҳи камбудиҳо, ободонию гӯлгӯлшукуфоии Тоҷикистони офтобиамон мебошад. Дастгириҳои беандозаи сарвари давлатамонро ҳамаҷониба қабул намуда тарбияи насли наврасро бо ибтикори Ватандӯстию хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ худогоҳи аз бар намудани таърихи гузаштаи худ равона созем. Инчунин наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣташвиқу тарғиб намоем. Қобилияти эҷодии онҳоро боз ҳам тақвият бахшида ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, фанҳои дақиқва риёзӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб намоем.

Дар оянда насли ояндасозӣ миллат ки бар души соҳаи маориф мебошад, бовар мекунонем, ки шабонарӯзӣ меҳнат намуда, ба роҳи дурусти инсондӯстиву ҳурмати калонсолон, ҳимоияи марзу буми аҷдодӣ, меҳандӯстиву худогоҳи тарбия намуда, Тоҷикистони азизро бо кадрҳои ихтисоманд ва соҳибкасб таъмин намоем.

Ҳоҷиева М

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ